Ошноӣ бо вазъи соҳаҳои мухталиф дар шаҳри Роғун
Ҳайати як гуруҳи корӣ зимни боздид аз шаҳри Роғун бо вазъи соҳаҳои мухталифи ин шаҳр ошно гардиданд.
Гуфта мешавад, ки сафари кории гуруҳи мазкур бо роҳбарии муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ва муовинони вазоратҳои фарҳанг, меҳнат ва муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар сохторҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ҳайати корӣ аз фаъолияти муассисаи таълимии №1-и маркази шаҳр, Беморхонаи марказии шаҳрӣ, КАТС, бахши фарҳанг, китобхонаю осорхонаи маркази шаҳр боздид ба амал овардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ