«Ҳосилот» боз як фарзанди угайи футболи тоҷик
Дар кадом гӯшаи ҷаҳон дастаи футболбозон бе сармураббӣ дар чемпионати кишваре ба майдон баромада, бозии тақвимиро баргузор карда бошад? Боваратон намеояд, ки шуда бошад? Агар то ин дам набуд, дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваст, дар Чемпионати 26-уми Тоҷикистон оид ба футбол дар байни дастаҳои Лигаи олӣ.
Санаи 30 апрел дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бозии аввали марҳилаи дуюми чемпионатро бо дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор кард. Бозигарони “Ҳосилот” ин дафъа бе сармураббӣ рӯи майдон омаданд. Ҳафтаи гузашта, пас аз анҷоми марҳилаи дуюми чемпионат Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев – сармураббии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор баъди бохти бозии дастааш ба ССКА “Помир”-и Душанбе ба ҳисоби 0:1 аз вазифааш истеъфо дод. Ин аввалин истеъфои сармураббии тими Лигаи олӣ дар мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон буд.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дар суҳбат гуфт, ки сабаби аслии истеъфояш ба мушкили молии даста вобаста мебошад. Ба гуфти М. Ҳабибуллоев беш аз чаҳор моҳ аст, ки аъзои дастаи “Ҳосилот” маош нагирифтаанд ва ба ин далел бархе аз бозигарони калидӣ, аз ҷумла Иброҳим Рабимов, Ойбек Абдуғаффоров ва легионери ӯзбекистонӣ Сайриддин Ғаффоров, дастаро тарк намудаанд.
Нурулло Маҳмудов, президенти бошгоҳи “Ҳосилот” гуфт, ки онҳо умедвор ба дастгирии раиси тозаинтихоби ноҳия ҳастанд, вале интизориашон то ҳанӯз натиҷа надодааст.
-Ҳоло метавонем гӯем, ки ин даста пароканда шудааст.- Қаблан варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор барои мо ройгон буд. Аммо ҳоло онро пулакӣ кардаанд. Аз ҳисоби фурӯши чипта 30 фоизи маблағро мегиранд ва боз ҳар моҳ 3 ҳазор сомонӣ маблағ месупорем. Ҳатто барои тамрини даста дар варзишгоҳ аз мо пул мегиранд, — гуфт Нурулло Маҳмудов.
Ба қавли Маҳмудов, муроҷиатҳои инфиродии онҳо ба сармоягузорони эҳтимолӣ ва ё соҳибкорони муваффақи зодаи Фархор ҳам натиҷа надод. Ҳарчанд ҳамаи онҳо ба зарурати маблағгузории дастаи маҳбуби футбол таъкид мекунанд, то ҳанӯз ҳеҷ созмон ё соҳибкори инфиродӣ омода нашуд, ки ин дастаро пуштибонӣ кунад.
Харҷи яксолаи таъмини клуби «Ҳосилот» солона беш аз 1 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дар ҳамин ҳол, масъулини ҳукумати ноҳияи Фархор вуҷуди мушкили маблағгузории танҳо дастаи футболи «Ҳосилот»-ро эътироф мекунанд, вале таъкид менамоянд, ки ба даста «ҳадди имкон кумак хоҳанд кард».
«Ҳосилот» ба мисли дастаҳои пурмухлистарини «Равшан»-и Кӯлоб, «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва «Хайр»-и Ваҳдат ҳазорон ҳаводорашро хушнуд мекард. Вале имрӯз бо ин дастаҳо ҳамтақдир шуда, дар сурати ҳимояти молӣ наёфтан бо Лигаи олӣ худоҳофизӣ хоҳад кард. Аҷиб аст, ки масъулини соҳа як дастаро солҳо боз ҳаматарафа дастгирию молиявию маънавӣ карда меоянду мехоҳанд он бозгӯйи симои аслии футболи тоҷик бошад. Аммо мушоҳида мекунем, ки он даста танҳо дар мусобиқаҳои кишвар пештозу пешсаф аст, вале берун аз он қариб ки комёб нест. Магар он даста метавонад бе рақобати солими шадиди дигар дастаҳои пурзӯр маҳораташро сайқал диҳаду кишварро дар бозиҳои байналмилалӣ дуруст муаррифӣ намояд? То кай дастаҳои дигари Лигаи олӣ ба сифати фарзандони угай дастнигари хоҷагони бемурувват арзи ҳастӣ мекунанд? Намешад, ки аввал вазъи молиявӣ ва маҳорати касбии дастаҳои Лигаи олии футболро дар кишвар беҳтар намуда, «ба қади кӯрпа нигоҳ карда, пой дароз кунем». Барои «луқмаро калон гирифтану гапро калон задан» бароямон ҳанӯз барвақт нест?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ