Зулфия Давлатзода

Осиёи Марказӣ + Ҳиндустон: Муносибатҳои фарҳангӣ таҳким меёбанд

Рӯзи душанбе, 3-юми апрел мулоқоти вазирони фарҳанги панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон дар шакли конфронси  видеоӣ баргузор шуд.

Тоҷикистонро дар ин ҷаласа вазир Давлатзода Зулфия намояндагӣ кард. Конфронсро вазири фарҳанги Ҳиндустон Кишан Редди раисӣ кард. Давр ин бора самонаи расмии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот вазирони фарҳанги Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳамияти рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳанг, ки ба туфайли табодули анъанаҳои чандинасраи фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳо байни мамлакатхо имконпазир гардид, қайд карданд.

Намояндагии шаш давлат дар ин нишаст ба мувофиқа расиданд, ки ҳама якҷоя барномаи намоиши арзишҳои фарҳангии ҳар як кишварро алоҳида таҳия ва пешниҳод кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *