Осоишгоҳ дар Маркази бемориҳои дил
Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд дорои 4 шуъбаи табобатӣ: ҷарроҳӣ, қабул, ташхис, таҳлилгоҳи клиникӣ – биохимиявӣ мебошад.
Инчунин, дар марказ бригадаи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи машваратӣ, ҳуҷраҳои табобатии физиотерапевтӣ, сӯзангузаронӣ ва масҳӣ фаъолият мекунанд. Дар шуъбаҳои табобатӣ 240 кати хоб барои беморон мавҷуд аст. Аз инҳо 50 кати ҷарроҳӣ буда, боқимонда барои табобати беморони дил пешбинӣ шудааст. Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ бошад, 25 кати табобатӣ барои ҷарроҳии рагҳои хунгард ва бемории ишемиявии дил, 25 кати табобатӣ дар шуъбаи ҷарроҳии нуқсони модарзоди дил ва тарбод барои табобати беморон амал мекунанд. Дар 1 сол ба марказ тақрибан 8000 беморон муроҷиат ва табобат мегиранд. Дар марказ ҷароҳиҳои муосир, аз ҷумла бемориҳои нуқсони модарзоди дил, тарбоди дил гузаронида мешавад. Дар шуъбаҳои дигари ин марказ бошад, ҷарроҳиҳои рагҳои хунгард гузаронида мешавад. Ҷарроҳии шараёнҳои каранарӣ бошад, бо навтарин таҷҳизот ва усулҳои наву муосир гузаронида мешавад. Дар марказ ҳайати бонуфузи духтурон фаъолият доранд, ки аз он як нафар доктори илм ва 7 нфар номзади илми тиб мебошанд.
Ҳоло дар бинои нави Маркази бемориҳои қалби вилоят корҳои сохтмонӣ идома дошта, моҳи сентябри соли равон ба навтарин таҷҳизот ва шуъбаҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад.
Сохтмони бинои марказ ҳанӯз соли 2018 оғоз шуда буд. Бинои мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, аз рӯи нақшаи лоиҳавӣ дар таҳхонаи бино дармонгоҳи машваратӣ ва шуъбаи рентгену андрографӣ ҷой дода мешавад. Дар ошёнаи якум аз тарафи чапи бино шуъбаи қабул ва аз тарафи рости бино шуъбаи эҳё амал мекунад. Қаблан барои ҷарроҳӣ тамоми шаҳрвандони вилояти Суғд ва берун аз он ба хориҷи кишвар мерафтанд. Имрӯз амалиёти ҷарроҳиҳое, ки дар хориҷ гузаронида мешаванд, дар Маркази дилшиносии вилоят гузаронида мешавад. Зеро беморхона дар самти таҷрибаҳои пешқадами замон фаъол буда, бо пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Россия ҳамкории зич дорад.
Тафовути маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд аз дигар марказҳо дар он аст, ки он ҳамчун маркази “махсусгардонидашуда” мебошад. Яъне, дар ин марказ беморон на танҳо муолиҷаи дилу рагҳои хунгард, балки онҳо метавонанд дар марказ табобати умумӣ гиранд. Ҳоло ба марказ аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ корафтодагон муроҷиат мекунанд. Ҳар сол барои харидани таҷҳизоти муосир ба Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд маблағи калон ҷудо мешавад. Соли 2014 бо дастгирии Ҳукумати кишвар як бинои дигари беморхона ба истифода дода шуд. Ҳоло тамоми биноҳои Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Бо супориши раиси вилояти Суғд мо талош дорем, ки Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғдро ба як осоишгоҳи бузург табдил диҳем.
Ҳабибулло Муҳиддинов, сардухтури Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ