Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров. Аз пайдо шудани ҳуҷҷатҳои нав то қомат афрохтани муҷассама
Шуруъ аз моҳи майи соли ҷорӣ дар осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров корҳои таъмиру бозсозӣ бомаром идома доранд. Ин кор ба муносибати 115-солагии аллома бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ шуда истодааст.
Муқаддам Ҳошимзода — директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров зимни суҳбат бо мо гуфт, ки осорхона аз 25-уми апрели соли 1998 фаъолият мекунад ва имсол баъди оғози корҳои таъмиру азнавсозӣ ҳудуди он бори аввал муайян карда шуд. Бино ба иттилои масъулин, ҳудуди осорхона дар умум аз 5 гектар иборат будааст.
Ҳошимзода гуфт, ки осорхона баъди азнавсозӣ куллан бо ороиш ва методҳои нав фаъолияташро идома медиҳад. Пеш аз ҳама, китобхонаи электронӣ бунёд шуда истодааст, ки ғайр аз шуъбаи кадрҳову дигар самтҳо, инчунин се шуъбаи ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ марбутбуда, ба монанди шуъбаи ҷамъоварӣ, шуъбаи ташвиқот ва шуъбаи муҷаҳҳазгардонӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Ин иқдом барои боз ҳам бештар дастрасӣ пайдо кардани аудитория ба осору пайкори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидат мекунад.
Дигар қадами ҷадид дар осорхона таъсиси маҷаллаи илмӣ бо номи “Паёми Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров” мебошад. Маҷалла инъикосгари мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотии муаррихону ғафуровшиносони саросари кишвар аст, ки дар шаш моҳ як маротиба нашр мешавад.
Ҳошимзода афзуд, ки дигар кори назаррасе, ки дар осорхона анҷом дода шуд, ин тарҷумаи зиёда аз 1000 экспонатҳо ва 800 адабиёт аз забонҳои хориҷӣ ва хоса ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ буд. Барои ғанӣ гардонидани осорхона ва муаррифии боз ҳам бештари корҳои илмӣ-таҳқиқотии Бобоҷон Ғафуров бошад, ҳоло номзади илмҳои таърих Шавкат Шарипов ба Федератсияи Русия сафарбар шудааст. Номбурда то имрӯз 90 аксу ҳуҷҷатҳои нодирро оид ба ҳаёту фаъолият ва корномаҳои Ғафуров пайдо кардааст.
Бино ба иттилои Ҳошимзода осорхона то таҷлили ҷашни 115-солагии Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, дар саҳни осорхона пайкараи барқади Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, ки баъди азнавсозӣ рӯнамоӣ хоҳад шуд. Ба ҷуз ин дар саҳни осорхона назди пайкараи Бобоҷон Ғафуров аз ду тараф китоби “Тоҷикон” гузошта мешавад. Ҳавлии осорхона бошад, бо гулгашту фаввораҳои замонавӣ ороиш меёбад. Ҳудуди 5 гектар замини осорхона пурра панҷарабандӣ мешавад.
Фарзона ШАМСИЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ