Осорхонаи президент боз шуд

Дар Туркманистон имсол рӯзи ёдбуди президенти пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзовро ба фарқ аз солҳои пешин, бошукуҳтар ва ба таври махсус қайд карданд, ки саволҳоеро дар зеҳни нозирони умур эҷод кардааст.

Ба иттилои хабаргузории расмии ТХД, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар рӯзи вафоти президенти пешин — 21 декабр бо тантана осорхонаи Сафармурод Ниёзовро боз кард. Дар ин маросим, аъзои ҳукумату порлумон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо, донишҷӯён ва теъдоди зиёди сокинони шаҳри Ишқобод иштирок доштанд.

Президенти Туркманистон ҳангоми суханронӣ гуфт, дар кишвар хотираи Ниёзовро гиромӣ медоранду барои ӯ дуо мекунанд, вале унвонҳои расмии ҳамтои пешинаш — «Туркманбошӣ» ва «Бузургвор»-ро ном нагирифт. Ин унвонҳои расмии Ниёзов дар хабари расонаҳои давлатии Туркманистон низ зикр нашуданд.

Бино ба хабарҳо, баъди вафоти Ниёзов, тақрибан тамоми пайкараҳои ӯ аз байн бурда шуданд ё аз марказ ба канори шаҳр интиқол ёфтанд. Ҳамчунин номи минтақаҳои аҳолинишине, ки ба номи президент Ниёзов ва аъзои хонаводаи ӯ гузошта шуда буд, иваз карда шудааст.

Сафармурод Ниёзов аз соли 1985 то соли 2006 президенти Туркманистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *