Остона гуштигирони ҷаҳонро соли 2019 пазироӣ мекунад

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (United World Wrestling) эълон кардааст, ки чемпионати ҷаҳон оид ба гуштӣ (гуштиҳои  тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гуштии бонувон) 14-22 сентябри соли 2019 дар Остона – пойтахти Қазоқистон доир мегардад.
Чемпионати ҷаҳонии соли 2019 нахустин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио хоҳад буд. Ғолибони 6 вазни олимпӣ дар гуштии тарзи озод, 6 вазн дар гуштии юнонӣ-римӣ ва 6 вазн дар гуштии бонувон соҳиби аввалин роҳхатҳои олимпӣ мегарданд. Роҳхатҳои дигар дар мусобиқаҳои қитъавӣ ва интихобӣ дода мешаванд.
Чемпионати ҷаҳонии соли 2018 оид ба гуштӣ  20-28 октябр дар пойтахти кишвари Маҷористон — шаҳри Будапешт баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *