Остона: маргталаби Балхаш бо ҳодисаҳои Оқтеппа иртибот надорад
Владимир Жумаканов, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, шахсе, ки худро дар вилояти Қарағанда тарконд, бо ҳаводиси Оқтеппа иртибот надорад.
Жумаканов 26 июн зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар шаҳри Остона гуфт, бо гумони тарҳрезии амалиёти террористӣ дар вилояти Қарағанда шаш кас боздошт шуда, як нафари дигар, ки эҳтимол аст, узви ин гуруҳи ифротӣ бошад, худро тарконид.
Рӯзи чаҳоршанбе хабар доданд, ки дар шаҳри Балхашу деҳаи Гулшоди вилояти Қарағанда аз фаъолияти як гуруҳи ифротӣ пешгирӣ шудааст. Бино бар иттилои мақомоти амниятии Қазоқистон, дар натиҷаи як амалиёт чанд тан аз сокинони маҳаллӣ бо гумони омодагӣ ба амали террористӣ дар вилояти мазкур дастгир шудаанд.
Хабаргузории Tengrinews бо истинод ба Жумаканов навиштааст, ки дастгиршудаҳо пайрави ҳаракати «Салафия» ҳастанд.
Боздошти ин афрод дар ҳолест, ки амалиёти зиддитеррористии мақомоти қудратии Қазоқистон дар вилояти Оқтеппа ду ҳафта пеш анҷом ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ