Отамбоев ба Русия рафта бо Путин мулоқот кард

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қиғизистон ба таври ғайримунтазира бо ҳавопаймои вижа ба Маскав парвоз карда ва бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дидору гуфтугӯ кардааст.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қиғизистон ба таври ғайримунтазира бо ҳавопаймои вижа ба Маскав парвоз карда ва бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дидору гуфтугӯ кардааст.

Парвоз дар ҳавопаймои махсусе ба Маскав дар ҳоле анҷом шуд, ки Отамбоев се даъвати тафтишотро барои посух додан ба саволҳои додситонҳо нодида гирифтааст.

Бино ба хабари сомонаи kremlin.ru, Путин дар Кохи Кремл бо Алмосбек Отамбоев дидор ва масоили марбут ба Қирғизистонро баррасӣ кардааст.

Дар пасманзари баррасиҳои гарми ин мавзӯъ дар шабакаҳои интернетӣ, вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки президенти собиқ баъди бозгашташ аз Маскав «вазифадор аст», ки ба бозпурсӣ ҳозир шавад. Отамбоев гуфтааст, ки сафараш якрӯза буда, рӯзи 25-уми июл ба Бишкек бармегардад.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки давоми шаш сол — аз охири соли 2011 то ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, баъди хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекунад. Баъди он, ки парлумон қонуни ҳазфкунандаи масунияти президенти собиқро қабул кард ва нисбати ӯ санҷиш шурӯъ шуд, ҳеҷ гоҳ ба тафтишот ҳозир нашуд ва гуфт, ки дар манзилаш дар минтақаи Кой-Таш омода аст аз худ дифоъ кунад. Ӯ гуфт, ки силоҳ ҳам дорад.

Баъди се дафъа нодида гирифтани даъват ба тафтишот, рӯзи 22-юми июл муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Мирлан Каниметов ба хонаи собиқ президент рафт ва сабаби худдорӣ кардани ӯро аз ширкат дар бозпурсиҳо суол кард.

Вакили дифои ӯ Сергей Слесарев гуфт, ки Отамбоев ба унвони собиқ президент аз масуният бархӯрдор аст ва аз болои қонуни нави қабулкардаи маҳрумсозии президенти собиқ аз масунияти ҷиноӣ ба Палатаи Конститутсионӣ шикоят ворид шуда, ин санад ҷанбаи қонунӣ касб накардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *