Отамбоев: Ман ба бозпурсӣ намеравам

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон субҳи имрӯз, 9 июл ба ВКД барои бозпурсӣ ҳозир нашудааст.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон субҳи имрӯз, 9 июл ба ВКД барои бозпурсӣ ҳозир нашудааст.

Ба гуфтаи вай, ҳамаи масоили ҳуқуқии марбут ба ӯ аз тариқи вакили мудофеаш-Сергей Слесарев матраҳ хоҳад шуд.

“Чаро ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳозир шавам? Боз такрор мекунам: ин коғазҳоро ба даст намегирам ва намехонам. Зеро бозпурсии ман ғайриқонунист”-гуфтааст вай ба журналистон дар манзили худ дар деҳаи Кӯк Тош.

Рӯзи 8 июл пулис ба манзили Отамбоев даъватномаи бозпурсиро овард. Дар ин санад таъкид шуда буд, Отамбоев бояд соати 9-и 9 июл ба Идораи тафтишоти ВКД ҳозир шавад.

Аввалҳои соли 2019 Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон тафтишоти парвандаи ба таври ғайриқонунӣ озод шудани ҷинояткори ашаддӣ Азиз Ботукаевро оғоз кард.

27 июни соли ҷорӣ парлумони Қирғизистон мақоми дастнорасии раиси ҷумҳури пешинро лағв кард. Прокуратураи генералии ин кишвар гуфтааст, ки Азиз Ботукаев бо фармони Алмосбек Отамбоев озод шудааст.

Алмосбек Отамбоев ба навбати худ ин айбномаро “талош барои сиёҳкунии номаш” унвон карда ва аз 22 июн дар назди манзилаш даҳҳо тарафдоронаш гирдиҳам меоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *