Отамбоев сарбозро накуштааст

Дар робита ба куштори сарбози неруҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон дар ҷараёни амалиёти боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев як нафар дастгир шудааст. Хабарро вакили дифои ҷониби ҷабрдида Кайрат Загибоев тасдиқ кард.

Як қатор расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти қудратии Қирғизистон иттилоъ доданд, ки сарбоз бо силоҳи худаш кушта шуда, гумонбар ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Дар мақомоти қудратии Қирғизистон гуфтанд, ки парвандаи куштори сарбозро Вазорати умури дохилии ин кишвар таҳқиқ дорад. Масъулони вазорат гуфтанд, хабарҳо дар ин бораро дертар шарҳ медиҳанд.

Амалиёти боздошти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош 7-8 август сурат гирифта, президенти пешини Қирғизистон дар рӯзи дувум таслим шуд. Дар натиҷаи задухурди неруҳои махсус бо ҷонибдорони Отамбоев 170 нафар осеб дида, як сарбоз кушта шуд.

Додситонии кулли Қирғизистон 13 август зидди Отамбоев, ки дар ҳабс аст, бо бандҳои «Ташкили бетартибиҳои оммавӣ», «Ташкили сӯиқасд» ва «Ташкили гаравгонгирӣ» айб эълом кард. Вакили дифои ӯ 14 август хабар дод, ки дар робита ба бинои «Форум» ва Маркази гармидиҳии Бишкек зидди шахси зери ҳимояаш ду айбди дигар эълом карданд.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек 16 август масъалаи тағйири ҳукми ҳабси пешакии Отамбоевро баррасӣ хоҳад кард.

Муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти Отамбоевро раҳбарӣ мекард, аз мақом барканор шуда, зиддаш парванда боз кардаанд. Маҳз дар натиҷаи гуфтугӯи Асанов Отамбоев худро ба мақомот таслим карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *