Отамуроди Бекмурод- журналисти маъруфи тоҷик даргузашт

Роҳнамо, дӯст ва аз он ҳам болотар- бародбузург, акои Отамурод Бекмуродов журналисти маъруфи тоҷик, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқ котиби масъули “Комсомоли Тоҷикистон” дастгиру ёварӣ аксари журналистони ҷавони солҳои 80- ум ва 90- уми асри ХХ, собиқ ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Душанбе”, корманди собиқи ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, Ҳоҷӣ Отамуроди Бекмурод дар синни 66 солагӣ, ҷаҳони фониро падруд гуфта, ёру дӯстону пайвандонро дар сӯги худ шинониданд.   

Замоне, дар ҳалқаи дӯстое чун Исмоил Ҳикматзода, Додоҷон Атовулло, Раҷабалӣ Исматуллоев, Қироншоҳ Шарифзода, Мавлон Раҷаб, Мардони Муҳаммад, Камоли Абдураҳим, Шодмони Карим, Дилбар Табарова,Талъатбону Нигорова,  Гулчеҳра апа ва Абдуқаҳҳор Маҳмадалиев бо Отамуроди Бекмурод дар якҷоягӣ дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» кор мекардем. Басо инсони шарифу меҳрубону ғамхор буданд. Ҳамеша бо лутфу карам сухан мегуфтанду чеҳраашон ғарқа дар табасуми малеҳашон буд. Шоириро пеша доштанд. Чанде шеърҳояшонро хонда будам. Аммо бароям то ба ҳол норушан монд, ки чаро ашъорашонро то ба имрӯз чоп накарданд…

Ҳар он ҷое, ки акои Отамурод буданд, он ҷо шукуҳу шаҳомати хосаеро дошт. Базми шеър буду доди сухан. Маҳфилорову ташкилотчии хубе буданд. Ба гуфтаи Қиёмиддин Сатторӣ ҳамсабақи шодравон “Отамуроди Бекмурод беш аз аз чиҳил сол дар риштаи журналистика фаъолият намуда, дар рушду нумӯи матбуоти тоҷик саҳми шоиста гузоштаанд.”

Бо ин рафтани ногаҳонияшон тире ба қалбҳо заданд. Хуни дил аз дидаҳо фишониданд. Ҳар нафаре ин шахсро мешинохт бо шунидани хабари марги ин марди шариф оҳ аз ҷигар кашидаву дида пурнам намуда.

Худованд ин шарифмардро ҷой дар биҳишти барин дода бошад! Хонаи охирататон ободу аз нури имон мунаввар бошад!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *