Оташбас ба Афғонистон кумак накард

Нерӯҳои махсуси Афғонистон бо ҳимояти сарбозони Амрико амалиёти ниҳоӣ барои маҳви ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломиро дар вилояти дурдасти Нангарҳор шурӯъ кардаанд.

     Ҷош Тайл, яке аз афсарони Гурӯҳи аввали нерӯҳои махсуси Амрико рӯзи 8-уми июл гуфт, амалиёт дар атрофи Деҳи боло ноҳияи Ачин ва дар наздикии маҳалле сурат мегирад, ки Амрико соли 2017 дар онҷо бузургтарин бомби ғайриатомиро барои маҳви ҷангҷӯён ба кор бурд.

    “ Ин яке аз минтақаҳое ду корро анҷом медод. Аввал пул, икмолот, ки мо ДОИШ-ро аз он маҳрум кардем” – гуфт, ӯ. Ба қавли афсари амрикоӣ, “Илова бар он ДОИШ ин маҳаллро барои омода кардани ҳамлаҳои бузург дар Кобул ва Ҷалолобод истифода мебурд.” Марҳилаи ахири амалиёт, поккории минтақа аз минаҳо будааст.

    Мақомоти вилояти Нангарҳор гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико дар шоми 8-уми июл дар наздикии марзи Покистон дар ноҳияи Ачин, дасти кам 4 ҷангҷӯи гурӯҳи Хуросон, шохаи созмони Давлати исломӣ кушта шуданд.

     Дар ин гурӯҳ бино ба гузоришҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон шомил ҳастанд.Ҷангҷӯёни Гурӯҳи Хуросон соли гузашта дар Нангарҳор зуҳур карданд ва онҳор ба бераҳмӣ нисбат ба мардум аз ҷумла ба сар буридан ва қатли афрод бо таркиши бомб муттаҳам мекарданд.

    Ҷангҷӯёни гурӯҳ аз ин минтақа ҳамчунин бо истихроҷи ғайриқонунии маъдан ва истисмори мардуми рустоҳо пул ҷамъ меовардаанд. Амалиёт барои маҳви ин гурӯҳ охири моҳи апрел шурӯъ шуд ва дар он ба нерӯҳои махсуси Афғонистон, нерӯҳои ҳавоӣ ва махсуси Амрико кӯмак мекарданд. Сарбозонро бо чархбол ба пойгоҳе хурде мебурданд, ки дар наздикии рустои Гаргарӣ маҳалли истиқрори ҷангҷӯён таъсис дода шуд.

    Ба гуфтаи мақомот дар ҷангҳои шадид бо аъзои гурӯҳи ДОИШ дар моҳи июн 167 нафари онҳо кушта шуданд ва аслиҳаи зиёди онҳоро низ гирифтанд.

     Нерӯҳои хориҷӣ ба раҳбарии НАТО то кунун ба ҳукумати Афғонистон дар ҷанг ба зидди ДОИШ, Толибон, Ал-Қоида ва дигар ҷангҷӯён кӯмак мекунад, вале масъулияти асосиаш тамрину омӯзиши нерӯҳои афғон аст. Ҳимояти нерӯҳои афғон аз ҳаво дар амалиётҳои зиддитерористӣ бахши дигаре аз масъулиятҳои нерӯҳои хориҷист.

    Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 8-уми июл гуфт, ки баъди хатми созиши оташбаси якҷонибаи ҳукумат бо Толибон амалиёт ба зидди ҷангҷӯёни ин гурӯҳро дучанд кардаанд.

      Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон бо эълони хатми оташбас ҳамчунин аз Толибон хост, ки ба музокироти сулҳ баргарданд. Гурӯҳи Давлати исломӣ дар ин оташбас шомил набуд. Созиши оташбас 18 рӯз идома кард, Ашраф Ғанӣ онро як бор тамдид кард ва Толибон ҳам дар иди Рамазон 3 рӯз ҷангро ба зидди нерӯҳои давлатӣ қатъ карданд.

     Дар баробари вилояти Нангарҳор ба гуфтаи нерӯҳои афғон онҳо ҷангро дар вилоятҳои Кунар, Фароҳ, Ҳилманд, Кундуз, Форёб, Урузгон ва Ғазнӣ шиддат бахшидаанд. Дар вилояти Нангарҳор рӯзи 1-уми июл як бомбгузори маргталаб худро тарконда дасти кам 20 нафар ва аз ҷумла ҳиндуҳо ва сикҳоро кушт.

  Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ин аққалиятҳои Афғонистон ҳангоме ҳадаф гирифта шуданд, ки мехостанд барои дидор бо Ашраф Ғанӣ ба Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор бираванд.

Бознашр аз «Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *