Оташкадаи зардуштӣ дар Куҳистони Мастчоҳ
Дар ёдгории Ҳисораки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо иштироки бостоншиносони Тоҷикистону Россия экспедитсияи бостоншиносӣ аз 07.07.2023 идома дорад.
Дар он бостоншиносон аз ҷониби Тоҷикистон Ш. Ф. Қурбонов (роҳбари экспедитсия аз ҷониби Тоҷикистон), Воҳидов Ш. Ҳ. ва Маҳмудов Н. ва аз ҷониби Федератсияи Россия Луре П. Б. (роҳбари экспедитсия аз ҷониби Россия), Семенов Н. В., Паршуто В. А., Буклаева Е. П., Жулина Д. А., Аминов Ф. Ш. ва дигарон иштирок доранд. Мақсади асосии экспедитсия таҳқиқи таърихи ибтидои асрҳои миёнаи водии болооби Зарафшон ва дар навбати худ омӯхтани системаи муҳофизатии Қалъаи Ҳисорак мебошад.
Дар рафти экспедитсия бурҷҳои шимолии шаҳраки Ҳисорак таҳқиқ карда шуда, се бурҷ аз зери хок тоза карда шуд. Дар қисмати шимолу ғарбии ёдгории Қалъаи Ҳисорак сафолҳои замони кушониён ва дар ёдгории куҳандизи қалъа як оташкадаи хонагии зардуштӣ дарёфт гардид. Бозёфтҳои зикршуда гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони кушониён дар ин қалаъа одамон зиндагӣ мекарданд ва замоне аҳли қалъа ба дини Зардуштӣ эътиқоду боварӣ доштанд. Экспедитсияи мазкур то санаи 31-уми июли соли ҷорӣ идома меёбад.
М. АБДУЛЛОҲ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ