Қотил 23 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳе дар ҷануби Тоҷикистон як ҷавони 18-соларо дар қатли як аробакаш ва ҷиноятҳои дигар ба 23 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҳукми ҳафтаи гузаштаи худ гуфт, ки Рустамҷон Хоҷаев, сокини ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ барои одамкушӣ, дуздӣ, тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасди ҷиноят, роҳзанӣ, ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил, гунаҳгор шудааст. Тафсилоти ҳукми додгоҳро рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ як масъули додгоҳ ироа намуд.

Ҳукми додгоҳи вилоят аз рӯи парвандаи пурсарусадо ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Вале зоҳиран маҳкумшуда ва наздиконаш аз болои ин ҳукм шикоят карданӣ нестанд. Хоҷаев дар додгоҳ гуноҳро эътироф карда ва гуфтааст, ки аз кардааш пушаймон аст. Ҷониби ҷабрдида, бахусус аъзои хонаводаи аробакаши кушташуда гуфтааст, ки ҳукм аз назари онҳо одилона содир шудааст.

Куштор барои як ароба

Мудҳиштарин қисмати парванда — куштори аробакаши 45-сола аст, ки 25-уми июли соли рух додааст. Тафтишот ва баъдан додгоҳ гуфт, ки Рустамҷон Хоҷаев он рӯз ба бозори Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Бохтар рафта, аз аробакашҳо барои интиқоли боре кӯмак хост. Саидхӯҷа Юнусови 45-сола, як сокини деҳаи Сабзавоти ноҳияи Кушониён, ки дар ин бозор аробакашӣ мекард, бо шарти гирифтани 100 сомонӣ ҳаққи хидмат аз шаҳри Бохтар ба канори дарёи Вахш, ки дар ҳудуди ноҳияи ҳамсояи Кушониён аст, ҳаракат кард. Дар роҳ Рустамҷон Хоҷаев аробакашро ба канори дарёи Вахш ба ҷойи хилват бурда, ба пушташ ду зарби корд заду ҷасадро ба дарё партофт. Аробаи сечархаи Юнусов баъди ин моли Хоҷаев шуд.

Ҷасади Юнусов баъди панҷ рӯзи ҷустуҷӯҳои хешовандон дар дарё дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус ошкор шуд. Хоҷаев дар додгоҳ гуфтааст, ки ин ҷиноятро ба хотири соҳиб шудан ба аробаи Юнусов анҷом дод. Як ходими полиси бозори Ҳоҷӣ Шариф ба тафтишот гуфтааст, ки рӯзи нопадидшавии Юнусов сӯҳбати аробакашро бо ҷавоне мушоҳида кардааст ва баъди ин Хоҷаев гумонбар шуд. Тафтишот инчунин маълум кардааст, ки Хоҷаев баъди содир шудани ҷиноят як дафъа аз телефони аробакаш истифода карда, ба ҳамсояааш ҳам занг задааст. Ӯро баъди 10 рӯзи куштор ошкор ва боздошт карданд.

Дар додгоҳ Хоҷаев гуфтааст, ки бо ҳадафи ба даст даровардани аробачаи сечархаи барқии Юнусов даст ба куштор зад. Ба гуфтаи Садирхуҷа Юнусов, бародари аробакаше, ки ба қатл расонида шуд, дар мурофиаӣ додгоҳи гуфтааст, ки бародараш моҳи марти соли 2018 як адад сечархаи рангаш кабуди таъмирталабро харида онро таъмир кард ва бо он ба муштариҳо хидмат мекард.

Хоҷаев дар додгоҳ гуфтааст, ки як аробаи сечархаи барқиро, ки сохти Чин аст, баъди дуздидан бо қимати 2700 сомонӣ ва дучарха ё велосипедро ба қимати 600 сомонӣ ба фурӯш мебаровард.

Қотил ҷазояшро гирифт. 4 фарзанди мақтул ятим монданд

Озода Мусамирова, хоҳарзодаи Саидхӯҷа Юнусов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади тағояшро дар дарё дар ҳолати баде пайдо карданд ва худи ҳамон рӯз ба хок супурданд. Аз ӯ панҷ фарзанд ятим монд. Озода Мусамирова гуфт, дар додгоҳ талаб карданд, ки ба қотил ҳукми зиндони абад бидиҳанд.

 

«Гуфтем, ки ҳукми абад гирад, вале зиндонияш карданд ба мӯҳлати 23 сол. Ҷазояшро гирифт. Вале панҷ фарзанд ва занаш танҳо мондаанд, ба онҳо мардум кумак мекунаду зиндагияшон бо мушкил пеш меравад. Тағоям дар бозор аробакашӣ мекард ва бори мардумро бурда зиндагияшро пеш мебурд, вале ҳоло кӯдакҳо мунтазиру бенаво мондаанд».

Наздикони Рустамҷон шикоят карданӣ нестанд

Дар ҳоле, ки наздикони аробакаши кушташуда бо ҳукми қотил розӣ ҳастанд, наздикони Хоҷаев аз ин ҳодиса афсурда ва ноумед шудаанд. Аз сӯи дигар, ҳеҷ нафари онҳо омода нест, ки барои бозбинӣ шудани ҷазои ин ҷавон талош кунад.

Гулизор Хоҷаева, бибии Рустамҷон Хоҷаев, ки писарро танҳо бузург кардааст, дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад ва аз сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Заррагул Раҳимова, вакили Рустамҷон Хоҷаев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, «ман шикоят намекунам, наздиконаш низ шикоят намекунад. Ин бача бо бибиаш зиндагӣ мекард, падараш солҳо дар Қазоқистон будааст ва модараш бо онҳо набуд».

 

Ба гуфтаи вакили дифоъ, Хоҷаев дар додгоҳ гуноҳҳои содиркардаашро эътироф карда изҳори пушаймонӣ кардааст.

Дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки тамоми ҷиноятҳои содиркардаи Хоҷаев ба хотири дарёфти даромади бештар буд ва ба ҳамин хотир, аробакашҳои бозорро ҳадаф қарор медод. Аз рӯи моддаҳои дигар, Хоҷаевро дар дуздии чанд дучарха ва сечархаҳои барқӣ гунаҳгор карда, барои талоши куштани як аробакаши дигар ҳам айбдор донистанд. Дар ин ҳодиса танҳо ба хотири фирор ва ҷон ба саломат бурдани аробакаши дигаре, ки дар дасти Хоҷаев кордро дидааст, куштор содир нашуд.

Бархе афроди огоҳ аз парванда мегӯянд, ки эҳтимолан зиндагӣ дар шароити номусоид, маҳрум будан аз тарбияи волидайн Рустамро ба роҳи ҷиноят бурд ва ба як шахси бераҳму хунсард табдил дод.

Ҷинояткорӣ миёни наврасон бештар шудааст

Афзоиши мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиро дар ҷомеа ҳамчун хатари афзоиши ҷинояткорӣ арзёбӣ мекунанд. Мақомоти вазорати дохилӣ мегӯянд, соли 2017 дар кишвар беш аз 22 ҳазор ҷиноят сабт шудааст, ки аз ин миён 108 куштор ва беш аз 200 ҳодисаи роҳзаниву ғоратгарӣ рух додааст.

Ин нишондод бештар назар ба соли 2016 будааст. Дар як изҳороташ феврали соли ҷорӣ вазири маориф бо нигаронӣ гуфта буд, ки мизони ҷинояткорӣ дар миёни наврасону кӯдакон ҳам афзоиш меёбад ва соли 2017 назар ба соле аз ин пеш 15 дар сад афзоиш ёфтааст.

 

“озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *