Қотиле,ки фурӯшандаро 18 корд зада буд дастгир шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 44-солаи шаҳри Панҷакент хабар дод. Қобил Бобомуродов дар куштори бераҳмонаи фурӯшандаи яке аз дорухонаҳои ин шаҳр муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Бобомуродов дар моҳи феврали соли 2016 бо мақсади соҳиб шудан ба хазинаи дорухонаи воқеъ дар шаҳри Панҷакент вориди он шуда, ба узвҳои бадани Раҷаб Тоштемуров 18 корд задааст. Баъдан, бо истифода аз хишт ба қисмати чапи сари ин фурӯшандаи 57-сола чанд зарба задааст: “Қобил Бобомуродов гумон мекардааст, ки дар дохили хазинаи дорухона миқдори зиёд маблағ аст, ки ин хато баромадааст”.

Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, гумонбаршуда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ бар асоси моддаҳои 104, 249-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *