Қотили эҳтимолии Ҳувайдоро ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ бурданд
Александр Сёмин, нафари гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол ёфтааст. Ташхис бояд муайян кунад, ки Сёмин гирифтори бемории рӯҳӣ аст, ё не. Дар ҳолати бемори рӯҳӣ эътироф шудан, эҳтимол аст, ӯ аз ҷавобгарӣ озод шавад.
Олга Михайловна, вакили мудофеи хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 19-уми сентябр гуфт, Александр Сёмин ба беморхонаи касалиҳои руҳии “Склифосовский” интиқол ёфтааст. Ба қавли ӯ, ташхис вақт мегирад ва танҳо пас аз хулосаи равоншиносон дар бораи бемор ё солим будани Сёмин ҳарф задан мумкин аст.
Аммо Олга Михайловна гуфт, «ба фикри ман, шанси бемор баровардани Александр Сёмин хеле кам аст. Чун аз рӯи аъмолу рафтори Сёмин фикр накунам, ки далеле барои бемор буданаш вуҷуд дошта бошад. Инчунин, бемористони “Склифосовский” бо мутахассисони варзида маъруф аст ва умед дорем, ки онҳо ташхиси дуруст анҷом медиҳанд.»
Гумонбар дар қатли духтари 5-солаи тоҷик дар ҳоле ба бемористони рӯҳӣ интиқол меёбад, ки мақомот мегӯянд, қазияи марги Ҳувайдоро пайгирӣ доранд. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 19-уми сентябр гуфтаанд, ки парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз оғоз зери назари ҷиддии онҳо қарор дорад.
Ба гуфтаи масъулони сафорат, ахиран дар як мулоқоти онҳо бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Русия қазияи марги Ҳувайдо баррасӣ шуд. Ҳамсуҳбати мо дар сафорат гуфт, таҳқиқи парванда муайян кард, ки Ҳувайдо Тиллозода аввалин «тӯъма»-и Александр Сёмин нест. «Аз ин пеш, ҳадди ақал ду нафари дигар аз он шикоят карда буданд, ки Сёмин кӯшиш кардааст, нисбат ба духтарони хурдсоли онҳо амалҳои шаҳвониро анҷом диҳад», — гуфтанд дар сафорат.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, чунин шикоят муфаттишонро водор кард, ки нахуст вазъи руҳии Александр Сёминро санҷанд.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 19-уми сентябр гуфт, аз рафти тафтишот розӣ аст, аммо айни замон талаб дорад, ки холаи Александр Сёмин низ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ба қавли падари Ҳувайдо, холаи Александр Сёмин, ки худ вакили мудофеъ будааст, ба вакилони онҳо фишор овардааст, то аз ҳимояти хонаводаи Ҳувайдо даст кашанд.
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 27-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дар Москва дастгир шуда, дар ҳабси пешакист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ