Қотили лейтенант ба гуноҳаш иқрор шуд
Сарбозе, ки дар куштори Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонӣ гумонбар дониста мешуд, дар аввалин пурсишҳо дар мурофиаи судӣ ба гуноҳи худ иқрор шудааст.
Ӯ гуфтааст, аз кори кардааш пушаймон аст ва хонаводаи Олимбековщо узр пурсид. Баррасии мурофиаи қатли Муносиб Олимбеков рӯзи 21 феврал дар додоҳи ҳарбии вилояти Бадахшон шурӯъ шуд.
Лейтенант Муносиб Олимбеков, муовини сардори дидбонгоҳи Андароб дар наздикии шаҳри Хоруғ буд ва рӯзи 7-уми декабри соли 2018 дар ҳамин дидбонгоҳ аз зарби се тир кушта шуд. Дар қатли ин афсар сарбоз Мансур Наврӯзови 19-сола аз ноҳияи Хуросон гумонбар дониста мешуд. Нисбат ба гумонбар бар асоси моддаҳои 104 ва 335-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “куштор” ва “убури ғайриқонунии марз” парванда боз шуда буд.Ёдовар мешавем,ки ин фоҷиа баъд аз он рухдод,ки байни сарбоз ва афсар сари телефони мобилӣ моҷаро шуда буд.Лейтенанти нерӯҳои марзбонӣ, тавре ҳам тафтишоти пешакӣ муайян карда буд, телефонро аз дасти сарбоз гирифта, ӯро шаллоқ задааст. Сарбоз ҳам ба хашм омада, ба сӯйи афсар тир холӣ кардааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ