Қотили лейтенант Олимбеков дастгир шуд
Прокуратураи ҳарбии вилояти Бадахшон ба таҳқиқи марги Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз кардааст.
Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонӣ гуфт, ки ҳодиса пас аз зуҳри 7-уми декабр дар дидбонгоҳе дар наздикии шаҳри Хоруғ рух додааст.Лейтенант Муносиб Олимбеков муовини сардори дидбонгоҳ буд ва аз тири сарбоз Наврӯзов ба ҳалокат расидааст. Улуғхоҷаев гуфт,ки гурӯҳи корӣ дақиқ хоҳад кард, ки ҳодиса тасодуфӣ рух додааст ё қасдан сурат гирифтааст.Айни замон сарбози муттаҳам дар куштори Муносиб Олимбеков дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, муовини сардори дидбонгоҳ бо 2 ё 3 тир ҷон бохтааст. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, ки сарбоз Наврӯзов баъди ҳалокати Муносиб Олимбеков қасд дошт, ба он сӯи марз фирор кунад, вале дастгир карда шуд. Ин сарбози 18-сола баҳори имсол ба артиш даъват шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ