Қотили Лоиқ ҳамаги 160 соат ҷазо гирифт?
Қотили писарам бе ҷазо мемонад?
Модари Лоиқ Раҳматови 37- сола, ки рӯзи 1 январ, ҳангоми шикор кушта шудааст аз Раиси Суди Олӣ ва Прокурори генералӣ мадад мепурсад!
«Ман, як модари ҷигарсӯхтаи фарзандгумкардаро ноадолатӣ маҷбур намуд, ки дарди диламро ба шумо гуфта, имдод пурсам. Рӯзи 1-уми январи соли 2017 писари 37 солаам Лоиқҷон Раҳматовро писарҳои тағои падараш ба шикор бурда, баъди чанд соат мурдаашро ба хона оварданд. Суди н. Ҳисор ҳукм баровард, ки гӯё писари маро як бачаи ноболиғ, ки дар синфи 10-ум мехонад, тасодуфан паррондааст ва ба у чазои бисёр сабукро дар намуди 160 соат корхои хатми таин намуд. Дар асл котили писари ман каси дигар аст. Баъди ба хок супоридани ҷисми беҷони писарам зани тағои шавҳарам 2-3 рӯз дар хонаи мо истод ва мо аз вай пурсидем, ки ин ҳодиса чи тавр рӯй дод? Янгаам, яъне модари ҳамон бачаҳое, ки писари маро бо худ ба шикор бурда буданд, гиря карда гуфт, ки хамон руз бачаи ман Абдуҷаббор ба кӯҳ ба шикор баромаду мо ҳамроҳи Лоиқҷон дар хона сӯҳбат карда нишастем. Як вақт Лоиқ «хезед, мо ҳам ба шикор мебароем»- гуфта аз дар баромад ва лахзае нагузашта садои тир баланд шуд. Ман давида аз хона баромадам. Писарам Абуҷаббор аз шикор баргашта буд. Вай бо ранги парида гуфт, ки бачаҳо, ман шӯхӣ кардам, тир ба кадоматон расид? Лоиқҷон «номард ту мана парондӣ» гуфта, бо ҷисми хуншор ба замин афтид…
Ин гапро дар мурофиаи судӣ чанд бор такрор ба такрор гуфта бошем ҳам, касе ба суханони мо ахамият надод. Суди ноҳияи Ҳисор як ноболиғи бегуноҳро гунаҳгор карда, ҳамагӣ 160 соат корҳои ҳатмӣ ҷазо таин кардааст. Наход ҷони одам ҳамин қадар арзиш дошта бошад? Илтимос ба доди мо расида, гунаҳгори ҳақиқиро ҷазои сазовор диҳед!
акси Лоиқ
Номаи пурдарди модари Лоиқ Раҳматов моро ба он водор намуданд, ки ба ноҳияи Ҳисор сафар карда, бо аҳли оилаи марҳум Лоиқ Раҳматов, ки дар дараи Алмосии ҷамоати Хонақоҳи куҳӣ зиндагӣ мекардаанд, ҳамсуҳбат гардем.
Вафоҷон Раҳматов, додари марҳум:
Қотили бародарам бегона нест
-Ин ҳодисаи нохуш кай рӯй дод?
-Рӯзи якуми январ бародарамро сиҳату саломат гусел кардем, вале шомгоҳон ҷисми беҷонашро ба хона оварданд. Инак, чор моҳ мешавад, ки дар ба дари суду прокуратура овораю сарсон мегардем, вале ҳеҷ нест, ки ба ин масъала нуқтаи ниҳоиро гузоранд.
-Бародаратон шикорчии касбӣ буд?
-Не, бародарам Лоиқ 37- сола буда, дар Амонатбонк ба ҳайси нозир-хазинадори оҷонсии шаҳри Ҳисор, ҷамоати Хонақоҳи куҳӣ, дараи Алмосӣ фаъолият менамуд. Тамоми хурду бузурги ноҳия ва гирду атроф ӯро ҳурмату эҳтиром мекарданд.
—Раҳораҳ шумо дарди дил карда гуфтед, ки агар ин корро ягон бегона мекард, шояд ба мо чандон сахт алам намекард, вале касоне, ки дар марги бародарам даст доранд, бегона нестанд. Ин гапатон чӣ маънӣ дорад?
—Дар ҳақиқат онҳо ба мо хешу табори наздик, авлоди падарӣ ҳастанд.
-Бародарони падаратон?
-Не, писарҳои тағои падарам ҳастанд.
—Чаро шумо аз хешовандонатон шубҳа доред? Магар байни онҳо ва бародаратон ягон моҷаро сар зада буд?
-Падарам дар вақташ ҳамчун хоҷагии ёрирасон бо сарсониҳои зиёд замин гирифта буд. Онҳо дар як гӯшаи ҳамон замин ду хона сохта, то боридани барф дар он ҷо зиндагӣ мекарданду хунукиҳои зимистон, ки сар шуд, ба поён, яъне ба деҳа бармегаштанд. Бародарам чанд бор нимшӯхию нимҷиддӣ ба онҳо гуфта буд, ки замин моли падари мо аст ва ягон рӯз вай албатта онро аз дасташон кашида мегирад. Як мошини калони боркаш низ дар дасташон буд ва Лоиқ онро гирифтан мехост. Ман гумон мекунам, ки хешбачаҳоямон барои аз даст надодани ҳамон як порча замину мошин ин корро махсус ташкил карданд.
—Барои исботи андешаатон ба ғайр аз моҷарои замин ва мошин шумо боз чӣ далел доред?
-Ҳамон шаб тақрибан соатҳои 22:30 дақиқа додарам маро аз хоб бедор карда гуфт, ки “Ака, хезед, Лоиқ тир хӯрдааст, ҷойгаҳашро партоед”. Вақте “ҷойгаҳ партоед” гуфт, ман пай бурдам, ки бародарам мурдааст. Ҷасади Лоиқро соати 22:45 ба хона оварданд. Бародарам аз ду тараф, ҳам рост ва ҳам чап тир хӯрда буд. Тир бештар ба тарафи росташ расида, аз тарафи чап ҳамагӣ як дона тир задааст, вале ҳамон тир ба байни қабурғаҳои 8-9 даромада, шоҳрагро бурида, ба шуш рафтааст. Бояд қайд намоям, ки он тирро сочма ном мебаранд, ки андозааш 2, 6 грамм аст. Вазни тирҳоро 34 грамм нишон додаанд, аз ин маълум мешавад, ки дар милтиқ 14 дона “сочма” будааст. Мо шикорчӣ ҳастем ва медонем, ки тири “сочма” дар масофаи наздик ба зудӣ пош намехӯрад. Аслан, сочмаро барои шикор кардани паррандаҳо истифода мебаранд. Вақте касро аз масофаи наздик бо ин намуди тир мепарронанд, сочма одамро намекушад. Ман ҳайронам, ки чӣ тавр тири сочма, ки аз даруни мошин, аз масофаи ҳамагӣ 1-2 метр зада шудааст, Лоиқи 37- соларо, ки дасту бози рустамона дошт, куштааст. Боз як чизи дигар, вақте ки мурдаи додарамро ба хона оварданд, гуфтанд, ки баъди тир хӯрдан вай боз қариб 4 соат зинда будааст. Мақсадашон, агар нест кардани Лоиқ набошад, чаро сари вақт ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ нарасонданд?
-Бародаратон худаш ба аёдати хешу табор рафта буд?
-Хешбачаҳоямон ба хона омада бо баҳонаи шикор ӯро бо худ бурданд. Онҳо моҳе як ё ду маротиба хонаашонро хабаргирӣ мерафтанд, то дару тирезаҳояшро канда набаранд. Ҳамон рӯзи наҳс низ тақрибан соатҳои 16.30 ба хонаи мо омаданд. Лоиқ як одат дошт, агар ҳамроҳи онҳо рафтанӣ шавад, албатта мепурсид, ки тағоям ҳастанд ё не, бошад, мерафт, агар не, аз баҳри шикор мегузашт. Ҳамон рӯз пеш аз ба хона омадан чор маротиба ба ӯ “гудок” партофтаанд. Вақте Лоиқ занг мезанад, ба ӯ мегӯянд, ки тағоям ба куҳ рафт, ту ҳам бо мо меравӣ? Бародарам розӣ шуда, борхалта, шаст ва миёнбанди тирдонашро гирифта азми сафар мекунад. Ҳамсараш соати 16:30 то даҳони дарвоза ӯро гусел кардааст. Лоиқ ҳамроҳи тағобачаҳоям сиҳату саломат ба мошини “Нива” нишаста рафту пас аз 5-6 соат ҷисми беҷонашро ба хона оварданд…
—Хешбачаҳоятон, ки ҳамон рӯз бародаратон Лоиқро бо худ бурда буданд, муаммои тир хӯрдани ӯро чӣ тавр шарҳ медиҳанд?
—Аввал ҳама айбу гуноҳро ба гардани як набераи ноболиғи тағоям бор карданд, ки тасодуфан ба болои милтиқи шикорӣ нишастаасту тир ба таври автоматӣ холӣ шудааст, вале вақте ки вай 18-сола ва болиғ шуд, гунаҳкорро иваз намуда, набераи дигарашро, ки дар синфи 10-ум мехонад, айбдор карданд. Ба гуфти онҳо дар ҳамон рӯзи барфӣ онҳо якҷоя ба куҳ ба шикор рафтаанд, вале дар роҳ мошин вайрон шудааст. Бародарам Лоиқҷон аз мошин фаромада хостааст онро таъмир кунад. Ҳамин вақт набераи ноболиғи тағоям ба нишастгоҳи қафои мошин гузашта, хостааст милтиқро гирифта ба боло гузорад, аммо дасташ тасодуфан ба курок расида, аз он як тир холӣ шудааст ва ҳамон тир ба Лоиқ расида, боиси марги ӯ гаштааст. Модарашон ба янгаам гуфтааст, ки домодам намози шом ба хона омада хабар расонд, ки Лоиқҷонро паррондаанд. Вақте ба наздаш рафтам, оби дидаи Лоиқ аз чашмонаш мерехт ва базӯр-базӯр нафас кашида бо нигоҳи раҳмовар ба ман менигарист. Ман кунҷковона пурсидам, ҳамон ҷое, ки Лоиқҷон хоб буд, пури барф буд-а”? “Не, барф набуд”,- гуфт. Боз пурсидам, ки замин лою об дошт ва Лоиқҷон дар даруни лой хобида буд? Модарашон китф дарҳам кашида ҷавоб дод, ки не, замин хушк буд. Панҷ бор дар ҳузури шоҳидони холис пурсидам, чунин ҷавоб дод. Янга, ин тавр бошад, барои чӣ бачаҳоятон ба мо дурӯғ мегӯянд, ки мо ба куҳ ба шикор рафтему ин ҳодисаи нохуш дар он ҷо рӯй дод гуфтам. Модарашон дасту по хӯрда, ман намедонам гӯён, аз мавзӯъ гурехт. Хулоса, бо сад забон гап зада, ҳодисаро ҳар хел шарҳ медиҳанд, намедонӣ, ки кадом гапашон росту кадомаш дурӯғ аст. Дар рафти тафтишот адвокати мо талаб кард, ки барои дақиқ кардани ҳодиса ва шаффоф бурдани парванда, даруни мошине, ки гӯё (ба гуфтаи тарафи муқобил) аз даруни мошин тир зада шуда бошад, дубора таҳқиқ карда шавад, вале хоҳишашро рад намуданд…
Алоҳида Тиллоева, модари Лоиқ:
Писари маро кӯдак накушта аст!
Раҳматии писарам шӯхтабиат буд. Як тарафи замини ҳаваёда часпида, мудом мегуфт, ки барои ман аз ҳамон ҷо як қитъа замин ҷудо кунед, қуттиҳои замбӯрамро беминнат гузорам, лекин онҳо розӣ нашуданд. Падараш чанд бор гуфт, ки дигар номи ҳамон заминро нагир, даркор бошад, қуттиҳои замбӯратро дар гирду атрофи хонаамон гузор, вале Лоиқ паст наомада мегуфт, ки хоҳ-нохоҳ ман ҳамон заминро мегирам. Як мошини боркаши калонро низ ба номашон гузаронида буданд, писарам ҳамеша мегуфт, ки агар падарам ба ман иҷозат диҳад, мошини боркашро ҳам аз дасташон мегирам.
….Мегӯянд, ки задан баробар Лоиқ мурд, вале вақте ҷасади писарамро ба хона оварданд, ҳатто манаҳаш набаста буд. “ Лоиқҷон, хез, ба ту чӣ шуд, бачаҷон” гӯён, гирёну нолон ба рӯяш даст расондам. Рухсораҳояш гарм буданд. Аз куҳ то деҳа камаш 3-4 соата роҳ аст, агар писарам тир расидан баробар мурда бошад, магар дар ин муддат манаҳаш намеафтид?
Фурқат гуфтааст, ки агар Лоиқ бо ман ҷангӣ намебуд, ҳамон шаб ӯро тез ба хонаашон меовардам, зинда мемонд.
Ман боварӣ надорам, ки як кӯдак писари маро парронда бошад. Гуноҳро ба гардани як бачаи хурдсол бор карда, аз об хушк баромадан мехоҳанд.
Мо аз қарори суд розӣ нестем. Мехоҳем Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ва Суди олӣ ин масъаларо дубора санҷида бароянд ва гунаҳкоронро ҷазои сазовор диҳанд.
Пора аз шикояти кассатсионии ҷабрдида ба Суди олӣ
- Ҳукми суди шаҳри Ҳисор аз 04.04.2017 солро нисбати ноболиғ Иброҳимов Н., беасос, ғайриқонунӣ ва яктарафа ҳисобида, бекор кардани онро аз коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин хоҳиш мекунам.
Ноболиғ Иброҳимов Н., ин ҷиноятро содир накардааст ва содир карда ҳам наметавонад. Ҳукми суд нисбати шахси бегуноҳ бароварда шудааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки рӯзи ба хок супурдани марҳум бибии судшаванда дар пеши зану-модар ва аммаи марҳум гуфтааст, ки Лоиқро писарам Ҷаббор парондааст. Акнун кори шудагӣ шуд, биёед як маслиҳат кунем.
- Захме, ки дар ҷасади Раҳматов Л мавҷуд аст, баландтар аз як метр буда, сӯрохи баромадаи тир аз дохили автомашинаи «Нива» дар баландии 70-80 см, воқеъ аст. Дар масофаи зич тир пош хурда ба байни қабурғаи 8-9 расида наметавонист. Фарқият 25-30 см-ро ташкил медиҳад. Муфаттиш бояд эксперименти тафтишотӣ мегузаронд, бо воситаи мутахассис трасолог аниқ мекард ё экспертизаи такрории трасологӣ ташкил мекард, аммо ин ҳолат на дар рафти тафтишот ва на дар суд бартараф карда нашуд.
- Дар рӯи куртаи ҷабрдида 18 адад пайи тирҳо мавҷуд аст. Чаро яке аз сочмаҳо ба тани Лоиқ даромада, дигар сочмаҳо ба бадани марҳум надаромаданд? Дар парванда нишондоди намояндагони ҷабрдидаҳо- ҳамсар ва падараш оиди он ки ҳамон рӯз Лоиқ қаторвазмаи тирро бо 16 патрони пур аз тир бо худ гирифта буд, мавҷуд аст. Қаторвазма дар вақти парондан дар миёни марҳум буда, барои ба бадан даромадани тир монеа шудааст. Дар қаторвазма пайи тирҳо боқӣ мемонад, шояд аз набудани одамони бегона истифода бурда, амакҳои судшаванда қаторвазмаи маҳрумро бо мақсади нест кардани далелҳои шайъӣ бо тирҳояш пинҳон карда бошанд. Муфаттиш бояд оиди ёфтани қаторвазма ва тирҳояш ба коркунони фаврӣ супориши алоҳида равон мекард, вале касе аз паи ёфтани ин далели шайъӣ нашуд. Дар рафти мурофиа оиди ин масъала ба касе ҳатто ягон савол надоданд.
- Аз нишондоди зани марҳум маълум гашт, ки ҳамон рӯзи ба шикор рафтани шавҳараш- Лоиқ, вай шахсан худаш ба борхалта, ки дар дарунаш қаторвазмаи тир буд, корди шикорӣ ва қалмоқи моҳигириро андохта буд. Дар рафти тафтишот муфаттиш умуман оиди ба куҷо ғайб задани халтаи шикорӣ, қаторвазма, корди шикорӣ ва қалмоқи моҳигирӣ ягон ҳаракати тафтишотӣ нагузарондааст.
- Хонаи дар дараи «Толтуруқ» будаи падари судшаванда аз назар гузаронида нашудааст. Аз аҷаб дур нест, ки ҳодиса дар ҳамин хона ба вуқӯъ пайваста бошад. Дар он ҷо аломатҳои ҷиноят боқӣ монданаш мумкин аст, чунки ҳамаи онҳо дар ҳамон хона ҷамъ омада буданд.
- Муфаттиш медонист, ки қади ҷабрдида 182 см буда, сурохие, ки дар автомашина аз ҷои баромади тир боқӣ мондааст, аз замин дар масофаи 80-85 см воқеъ аст. Тир ба байни қабурғаҳои 8-9 расидааст, ки на камтар аз 1, 2 метрро ташкил медиҳад. Оё тири аз автомашина баромада, ки гӯё аз масофаи 1 метр парронда шудааст, метавонист ба 40 см болотар аз траекторияи ҳаракат расад? Ин ҳолатро муфаттиш бояд бо савол мондан ба мутахассис трасолог муайян мекард, вале мутаассифона ин ҳолати кор на дар тафтишоти пешакӣ ва на дар суд мавриди таҳлил қарор нагирифтааст.
- Аз нишондоди судшаванда Иброҳимов Н., бармеояд, ки гӯё вай милтиқро ба қафо тела додан хостаасту ногоҳ як чиликаш ба куроки милтиқ расида, тир парондааст. Ба ин ваҷҳи овардаи судшаванда ҳеҷ бовар карда намешавад, чунки пеш аз курок ҳалқаи муҳофизати курок мавҷуд буда, дасти одам аввал ба он мерасад. Дар рафти тафтишот бояд ин нишондоди судшавандаро дар ҷои ҳодиса санҷида, ҳолати корро дуруст аниқ мекарданд, вале ба ин масъала касе аҳамият надод. Танҳо нишондоди судшаванда барои баровардани ҳукм дар масъалаи куштор асос шуда наметавонад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 357-359-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунам:
Ҳукми суди ш. Ҳисор аз 04.04.2017 нисбати маҳкумшуда Иброҳимов Нуралӣ бо қисми 1-и моддаи 108-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби бармаҳал ва яктарафа буданаш бекор карда шуда, парванда а прокуратура барои тафтишоти иловагӣ фиристода шавад.
Илтимос, дар мурофиаи кассатсионии Суди Олӣ моро даъват намоед!
Намояндаи ҷабрдида, адвокат Рустам Назаров.
Суҳбати Маҳинаи Давлат
Душанбе-Ҳисор-Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ