Қотили сарбози 201-ум ро 20 сол зиндонӣ карданд

Додгоҳи вилояти Хатлон Аҳлиддин Машрабов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро ба иттиҳоми қатли Алексей Буенков — сарбози пойгоҳи 201-и Русия — ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Машрабов рӯзи гузашта эълон шудааст.

Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи сентябри имсол ин парвандаро барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода ва айбдоркунандаи давлатӣ барои Аҳлиддин Машрабов 22 соли зиндонро тақозо карда буд.

Мақомоти тафтишот алайҳи Аҳлиддин Машрабов бар асоси моддаҳои куштор ва авбошии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда буданд. Алексей Буенков, сарбози 40-солаи рус, шаби 30 ба 31 июли имсол дар тарабхонаи «Карина»-и Қӯрғонтеппа кушта шуд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Аҳлиддин Машрабов, сокини маҳаллаи Хатлони шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳамчун гумонбар дар ин ҳодиса дастгир карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *