Қотили Ҳувайдо бе ҷазо мемонад?

Интизор меравад, ки барои гузаронидани ташхиси такрорӣ қотили Ҳувайдоро дубора ба Пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии Сербскии Маскав интиқол диҳанд. Фардо, 18 октбяр мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии Александр Сёмин баргузор мешавад.

Александр Сёмин — ҷавони маттаҳам дар қатли духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдоро аз Пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии Сербскии Маскав ба боздошгоҳи шаҳри Серпухов интиқол доданд. Аммо интизор меравад, ба наздикӣ ӯро дубора ба бемористон баранд. Дар ин бора вакили мурофиаи хонаводаи Ҳувайдо — Олга Устюжанина ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ёдрас мешавем Сёмин барои гузаштан аз чанд ташхиси вижа охирҳои моҳи август ба пажӯҳишгоҳ интиқол ёфта буд.

Бино бар иттилои вакил, фардо 18 октябр маҷлиси додгоҳӣ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар он дар бораи тамдиди мӯҳлати боздошти Сёмин ва интиқоли дубораи муттаҳам ба бемористон барои ташхиси такрорӣ қарор қабул карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *