Қотилони навраси тоҷикро 22 сол зиндонӣ карданд
Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург Юрий Новиковро ба 15 соли зиндони низомаш сахт ва як шарики ӯро, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ҳанӯз ноболиғ будааст, ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Ин ду нафар ба он айбдор мешаванд, ки моҳи августи соли 2016 дар кӯчаи Ленская як навраси 17-сола аз Тоҷикистонро бо битаи чӯбӣ, корди «Кукри” (мачетаи сохти Непал) ва ханҷари шикорӣ бераҳмона куштаанд. Навраси бечораи тоҷик он шаб ба бахти бади худ ба мағоза рафта, дар чанги ин қотилон афтодааст.
Бино ба гузориши маркази матбуоти додситонии шаҳри Петербург, додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург Юрий Новиков ва шарики ӯро бар асоси қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия дар куштори гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор шинохт. Юрий Новиков ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардида, шарики вай ба далели инки ду сол пеш, вақти одамкушӣ ҳамагӣ 17 сол дошт ва ноболиғ буд, ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.
Додгоҳ гуфт, ин ду нафар моҳи августи соли 2016 бо маслиҳати пешакӣ дар замини хусумати шахсӣ як навраси ноболиғи зодаи Тоҷикистонро бераҳмона зада-зада куштаанд.
Навраси тоҷик он шаб аз қазо мехоҳад ба мағозаи назди манзили зисташон дарояд. Дар назди мағоза як гуруҳи ҷавонони маҳаллӣ ба ӯ мечаспанд ва байнашон муноқиша мехезад.
Ду ҷавони маҳаллӣ, ки бо битаи чӯбӣ, ханҷари шикори ва корди мачетеи навъи «Кукри” (машҳур ба корди непалӣ) мусаллаҳ будаанд, аз қафои навраси тоҷик поида, ӯро дар назди трансформатор дар кӯчаи Ленская дарёб кардаанд. Ҳамлагарон бо чӯбу ханҷар ва корди «Кукри” ба бадани навраси ноболиғи тоҷик зарбаҳои зиёд зада, аз ҷои ҳодиса мегурезанд.
Ҷасади саропо хуншори наврасро раҳгузарҳо дида, «Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кардаанд, вале ӯ бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар бемористони Александровская ҷон дод.
Айбдоркунанда аз додгоҳ барои Юрий Новиков 15 сол ва барои шарики ӯ 9 соли зиндон талаб карда буд. Додгоҳ дар ниҳоят ба Новиков ҳамон 15 сол ва барои шарикаш 7 соли зиндонро раво донист.
Онҳо бояд ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ бояд ба хонаводаи ҷабрдида ҷуброн пардохт кунанд, омадааст дар хабари маркази матбуоти додситонии Петербург.
Бознашр аз Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ