Қотилони полковники тоҷик боз 3 касро куштанд
Мақомоти интизомӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки дар ҷараёни даргирӣ миёни нерӯҳои интизомӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир, се пулиси марзии он кишвар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳалли афғон, ин амалиёт алайҳи гурӯҳи қочоқчиёне роҳандозӣ шуд, ки ҳудуди ду мо қабл Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистонро кушта, чор сарбозу афсари дигарро захмӣ карда буданд.Саид Ҷаҳонгир Каромат, фармондеҳи пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки даргирӣ миёни пулиси марзӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир шаби шанбе ба якшанбе дар вулусволӣ ё ноҳияи Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшон рух дод. Вай афзуд, «дар натиҷаи даргирӣ се пулис кушта ва 6 тани дигар захм бардоштаанд ва як тан аз қочоқчиёни маводи мухаддир низ захмӣ шудааст».Ба гуфтаи вай, ин афрод пас аз он, ки афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштанд, дар минтақаи Мандии ноҳияи Шаҳри Бузург паноҳ бурданд. Вай гуфт, ки нерӯҳои марзбонӣ шаби гузашта ҷои онҳоро ошкор намуда ва алайҳи онҳо амалиёт роҳандозӣ намуданд. Аммо қочоқчиён тавонистанд се пулиси марзиро ба қатл расонида ва шаш нафари дигари онҳоро захмӣ намоянд ва аз минтақа фирор кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ