“Ов”-у “ич”-и сталинӣ беҳтар ё “зодаи” тоҷикӣ?
«Дар Русия ягон мушкил эҷод намекунанд, барои насаби Шумо, яъне «зода» бошад. Чанд дӯсти мо аллакай бо ҳамин насабу ном шиносномаи Русияро гирифтаанд”.
Як ҷавони тоҷик барои раҳоӣ аз пасванди русии «ов» дар насабаш ба додгоҳе дар Шветсия муроҷиат кардааст. Муртазо Назаров, донишманди ҷавони тоҷик, дар номае ба додгоҳ навиштааст, ки пасванди «ов» дар насаби хонаводагии ӯ зӯран ва дар аҳди Шӯравии пешин гузошта шуда буд.
Моҳи апрели соли гузашта дар Тоҷикистон гузоштани пасвандҳои «ов»-у «вич» ва «ова»-ю «овна» дар насаби навзодон манъ шуд. Муртазо Назаров ва ҳамфикронаш аз ин қонун пуштибонӣ мекунанд, вале баъзе аз сокинон, бахусус муҳоҷирони корӣ дар Русия, мухолифи он ҳастанд.
Муртазо Назаров ба Додгоҳи Шветсия гуфтааст, ки пасвандҳои русӣ дар насаби тоҷикон дар замони раҳбарии Сталин пайдо шуд. Дар додгоҳ аз ӯ хостаанд, ки қарори Сталинро пешниҳод кунад: «Аризаи ман ҳоло дар додгоҳи шаҳрӣ қарор дорад. Муҳокима доранд ва натиҷааш маълум нест.»
Ин дар ҳолест, ки даҳҳо нафар дар Тоҷикистон талош доранд, барои фарзандон бо пасванди русӣ шаҳодатномаҳои таваллуд бигиранд. Дилшод, як муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, соли гузашта соҳиби фарзанд шуд ва ба ӯ бо насаби «зода» шаҳодатнома доданд. Ӯ эътироз кард ва пас аз талоши шашмоҳа дубора бо насаби русӣ барои фарзандаш шаҳодатнома гирифт.
«Ман шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорам. Ҳама фарзандонам насаби русӣ доранд. Дар оянда онҳоро ба Русия оварданиам. Фарзандони дигарам бо “ов”-у “вич” ҳуҷҷат доранд. Агар инаш тоҷикӣ мешуд, эҳтимол дар ин ҷо сардаргумиро ба вуҷуд меовард. Барои ҳамин, гуфтам, ки ман ҳамчун шаҳрванди Русия ҳақ дорам, насаби фарзандамро бо “ов” гирам”, — нақл кард ӯ.
Ба ин тартиб, дар як соли охир, ки гузоштани насаби тоҷикӣ расман қонунӣ шуд, ҷомеаи Тоҷикистон ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд. Бархе аз ин иқдом ситоиш мекунанд, ки дар ниҳоят тоҷикон соҳиби насаби миллии худ шудаанд, бархеи дигар кори беҳудае медонанд, ки дар оянда барои фарзандонашон дар муҳоҷират мушкил пеш меорад.
Ба суоли Радиои Озодӣ, ки “Шумо низ насаби фарзандатонро дигар кардед?” дар Фейсбук ва Инстаграм даҳҳо нафар посух навиштаанд. Зикрулло Умаров, як корбари Радиои Озодӣ дар Фейсбук гуфтааст, “ин қонун маъқул нест. Бачаҳо дар оянда дар муҳоҷират азоб мекашанд. Хуб мешуд, агар ихтиёрӣ мешуд.”
Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик дар Русия, аз ин иқдом пуштибонӣ кардааст: “Яке аз камшумортарин иқдомҳо дар ростои сиёсати миллӣ ва миллатсозӣ ҳамин қарор буд. Аммо масъулини давлат онро ҳам роҳе барои ришвагирӣ аз миллат карданд.”
Бисёре аз корбарон навиштаанд, ки решаи норозигии сокинон ба мушкили иқтисодӣ бармегардад. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки барои гирифтани шаҳрвандӣ дар Русия бо насаби тоҷикӣ барояшон мушкил эҷод мешавад. Аз ин рӯ, Мустафо Ҷаббор, корбаре дар Инстаграм навиштааст: “Фарқ нест, ки мардум насаби русӣ доранд, ё тоҷикӣ, муҳим зиндагии хуб доштан аст.”
Хушқадам Акрамзода навиштааст, ду сол боз бо насаби “зода” дар Русия мегардад ва ба ҳеч мушкиле дучор нашудааст. Абдулло, корбари дигар дар Инстаграм, навиштааст, “дар Русия ягон мушкил эҷод намекунанд, барои насаби Шумо, яъне «зода» бошад. Чанд дӯсти мо аллакай бо ҳамин насабу ном шиносномаи Русияро гирифтаанд”.
Маҳина бовар дорад, ки ин қонун ҳаққи интихобро аз сокинон гирифтааст ва хилофи як ҷомеаи демократӣ ҳаст: “Ба фикри ман, дар асри 21 мардум бояд ному насаби фарзандони худро худашон интихоб кунанд. Бояд мақомот ба ин кордор набошанд.»
Дар Тоҷикистон баъди он аз пасвандҳои русии «ов», «ев», «ова», «ович» ва «овна» даст кашиданд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2007 ба номгузории миллӣ таъкид кард ва насаби худро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод. Дар пайи ин тасмими раиси ҷумҳур баъзе аз мансабдорони тоҷик ному насаби худро ба тарзи тоҷикӣ навиштанд.
«Озодӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ