Оверчук ба Қирғизистон ваксинаи зиддикоронавирус медиҳад, ба Тоҷикистон чӣ?
Муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук дар вохӯрӣ бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, Маскав масъалаи таъмини Бишкекро бо ваксинаи зидди коронавирус дар авлавият қарор медиҳад.
Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон нагуфтааст, ки Ҷеенбеков дар ин мулоқот аз ҷониби Русия ваксинаи коронавирусро дархост карда буд, ё не.
Вале ӯ 12-уми сентябр дар суҳбат бо «Биринчӣ радио» гуфта буд, ки «интиқоли воксини русии «Спутник V ба кишвари мо хеле зарур аст, зеро коронавирус ҳамоно ба инсоният хатар эҷод мекунад.
Русия якумин кишваре шуд, ки зидди коронавирус воксин сохт. Хабар доданд, ки он аллакай аз санҷиши клиникӣ гузаштааст ва истифодааш ҳам оғоз шудааст.»
Русия аз ҳама пеш эълон кард, ки воксини нав ба зидди COVID-19-ро барои истифода расман сабт кард. Онро дар Озмоишгоҳи ба номи Гамалей офариданд.
Президенти Русия дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш рӯзи 11-уми август хабар дод, ки дар кишвараш нахустин воксини зидди коронавируси нав сабт шудааст. Ба гуфтаи вай, воксин дар ҷараёни санҷиш коромадии худро нишон дода ва қодир аст, ки масунияти устувореро зидди коронавирус шакл диҳад.
Аммо на ҳама ба коромад будани воксин бовар доранд ва мегӯянд, воксин дуруст озмоиш нашудааст ва Русия шитоб мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ