Овоза ва ҳақиқати боздошти кормандони милитсия аз тарафи мақомоти коррупсия

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи паҳн гардидани хабари боздошти 4 нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансур аз тарафи кормандони Агентии коррупсия вокуниш нишон дод.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надошта, танҳо як нозири минтақавӣ барои суҳбат ба мақомоти мазкур даъват шудааст. Ҳамзамон, ҳолати мавриди «облава» қарор гирифтани як нафар ҷавон ва барои раҳоии ӯ аз волидайнаш талаб намудани пора ҷой надоштааст.

“Нозирони минтақавии милитсияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ қарор дошта, баҳри таъмини тартибот ва осоиштаҳолии шаҳрвандон дар минтақаҳои хизматии худ фаъолият намуда истодаанд”,- хабар медиҳад манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки 1-уми майи соли равон хабаргузории “Бомдод” иттилое паҳн намуд, ки аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон якбора 4 нозири минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани пора дастгир шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *