Овози тоҷик дар Самарқанд боз баланд мешавад

Амина Шарофиддинова бо чанд нусха китоби тозанашраш – «Нишони некномӣ», ки ба ҳаёт ва фаъолияти Ҳамроқул Шодиқулов бахшида шудааст, ба бинои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ворид шуд. Тавассути зинаҳо ба ошёнаи дуюм баромада истода, чашмаш ба мусаввараи муҳташами устод Рӯдакӣ афтод: «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме». Ин байти дарозумру ҷовидониро, ки дар қисми поёнии мусаввара сабт аст, оҳиста зери лаб хонду ба чашмаш ашк давид.

Дар ҳақиқат, ин боргоҳи муқаддас, ки замоне устодони сухан Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Расул Ҳодизода, Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Хуршеда Отахонова, Раҷаб Амонов барин шахсиятҳои наҷибу соҳибҷавҳар кору фаъолият доштанд, саршори ёди ёри меҳрубон буд. Дар қатори ин азизон тағои Амина Шарофиддинова адабиётшинос, мунаққид ва мутарҷими корозмуда, профессор Ҳамроқул Шодиқулов низ кор кардаасту ҳар боре аз Самарқанди қандманд ба Душанбеи нозанин ояд, нахуст дилаш ба ин даргоҳ мекашад…

— Муаллима, бигӯед, ки чароғҳои робитаи равонию маънавии тоҷикони Самарқанд бо Тоҷикистону тоҷикистониён чӣ гуна аст?

–Дар Самарқанди азиз чароғҳои робитаро бо тоҷикону тоҷикистониён ҳамеша фурӯзон нигоҳ доштан кори осон набуд. Рӯзҳои гузашта барои ҳамагон маълум,  аммо ҳамеша, чароғи робитаҳо хира ҳам бошад, фурӯзон буд. Дар мактабҳо, радио, телевезион ва ҳафтаномаю моҳномаҳои ҷумҳуриявию маҳаллии Ӯзбекистон садову симоҳо ва суруду шеърҳои тоҷикиро шунида, шукрона мекунем, ки ҳанӯз овози тоҷик дар Самарқанд танинандоз аст.

– Матбуоти тоҷик дар вилояти Самарқанд аз чӣ нуфузу имкон бархӯрдор аст?

– Аз солҳои 90 то имрӯз дар ҳамаи вилояту минтақаҳои тоҷикнишин саҳифаҳои вижа барои тоҷикзабонон амал мекунанд. Дар шаҳри Самарқанд ҳафтаномаи «Овози Самарқанд» нашр мешавад. Аз овони донишҷӯӣ муаллифу тарғибгари матбуоти тоҷикӣ ҳастам. Мо чанд нафар ба ҷон мекӯшем, ки ҳафтаномаҳои тоҷикӣ ва саҳифаҳои тоҷикии дигар рӯзномаю ҳафтаномаҳо аз байн нараванд. Вақте дар сатҳи болоӣ мебинанд, ки ба матбуоти тоҷикӣ таваҷҷуҳ коста шудаасту шумораи муштариён кам, дарҳол ба бастани он иқдом мекунанд. Аз ин сабаб борҳо хона ба хона ва идора ба идора гашта, ҳатто зораву тавалло кардаам, ки мардум ба рӯзномаҳои тоҷикӣ обуна шаванд. Ба аҳли хонавода ва хешу пайвандони худ низ таъкид мекунам, ки агар ман ба «Овози Самарқанд» обуна шавам, шумо ҳатман ба «Овози тоҷик» обуна шавед. Вақте дар ҷои коратон масъалаи обуна пеш омад, ҳатман яке аз ҳафтаномаҳои тоҷикиро интихоб кунед.

– Вазъи мактабҳои тоҷикӣ имрӯз чӣ гуна аст?

– Вуҷуди хокии ман дар обу ҳавои мактаб шах шудааст. Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд ба номи С. Айнӣ, яъне аз соли 1984 то соли 2012 лаҳзае аз пешаи омӯзгорӣ ва кори мактабу маориф ҷудо набудаам. Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистонам. Ҳоло ҳам, агарчанде расман дар мактаб кор намекунам, аммо ҳар лаҳза аз набзи мактабҳои тоҷикӣ воқифам. Бо таассуф изҳор медорам, ки ҳоли мактабҳои тоҷикӣ мисли солҳои 80-уми асри гузашта нест. Дар вилояти Самарқанд наздик ба 4 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Агар дар соли 1995 — 1996  дар Самарқанд 85 мактаби тоҷикӣ амал мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 20 расидааст. Албатта, имрӯз дар сиёсати ҳукумати Ӯзбекистон сафҳаҳои нав боз шудааст ва барои беҳ шудани вазъи мактаб ва синфҳои тоҷикӣ умед дорем.

– Чӣ тавре ки гуфтед, аз соли 2012 то имрӯз омӯзгорӣ намекунед. Сабаби аз кор рафтанатон чист? Зеро гумон мекунам, ки будани шумо барин бонуи донишманду фаъол дар мактаб барои тоҷикони Ӯзбекистон муҳим аст…

– Ростӣ, шамоли сиёсат хоҳу нохоҳ ба баргу бори дарахти фарҳангу маориф таъсир мерасонад. Баъзе чизҳоро медонам, аммо гуфтанашро ҷоиз намедонам. Муҳим сари кор будани ман нест, муҳимтар аз ҳама рӯзгори осудаи тоҷикони Самарқанд ва пойдории забону маданияту суннатҳои неки эшон аст.

–Хуб мебуд, агар аз рӯзгори имрӯзаи мардуми Самарқанд ва оинҳои неки онҳо нақл мекардед.

– Бо вуҷуди баъзе дигаргуниҳо ба тарҳи меъмории Самарқанди қандманд ҳанӯз ин шаҳр барозандагию шарофати худро пос доштааст. Дар ин ҷо хишту сангу рангу кӯчаву хиёбону мақбараву манораву дарахту ҳавзу растаҳои гуногун низ таърихеву ривояте бо худ доранд. Воқеан ҳам, шаҳри афсонаҳои талху ширин аст Самарқанд. Барои ҳифзи ин диёри куҳан чӣ қадар тоҷикон ҷон бохтаанд, танҳо ба Худо маълум аст. Дар ин шаҳри азиму бостонӣ суннатҳо намемиранд, дерпоянд. Зеро мардум, хоса бонувон, суннатҳои асили тоҷикиро чун мероси муқаддаси ниёгон оқилонаву амонатдорона ҳифз менамоянд. Ба фарзандону наберагон чун ганҷи заволнопазири маънавӣ меомӯзонанд. Суннатгароӣ ва устувор будан бар асолатҳои миллию маънавӣ яке аз вижагиҳои хоси мардуми ин шаҳри бостонист. Занҳо як ҷо ҷамъ шуда, шеъру таронаҳои мардумӣ мехонанд, мардон дар чойхонаҳои барҳавои шаҳр нишаста, аз вазъи ҷаҳон, фарҳанг ва одобу ахлоқи оиладорӣ ҳарф мезананд, дар зери болини тифли навзод бо ниятҳои нек китоби Ҳофизу Бедил мегузоранд, аллаҳо мехонанд… Хурдтарин паёмеро аз рӯзгори фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистону Тоҷикистон шунаванд, шод мешаванд. Китобҳои тозанашри шоирону нависандагон ва олимони тоҷикро меҷӯянду мехонанд. Аммо афсӯс, ки китобҳои тоҷикӣ дар Самарқанд басо камчин аст  ва ба адабиёти тоҷикии Тоҷикистон дастрасӣ надорем. Имрӯз марзҳо кушода шуд. Мардуми Ӯзбекистон мисли мардуми Тоҷикистон ин рӯзи некро мунтазир буденд. Умед мебандем, ки дар ояндаи наздик ҳама чиз мисли пешин хоҳад шуд.

– Тоҷикистон, бавижа Душанбеи нозанинро баъди чанд сол чӣ гуна дарёфтед?

– Аз дидани Душанбе, Варзоб ва Ҳисори шодмон чунон мутаассир шудам, ки забонам аз васфашон оҷиз аст. Боғҳои гулпӯши Душанбе, китобхона, осорхона, манзараҳои нотакрору истироҳатгоҳҳои муосири дараи Варзоб, қалъаи таҷдиду тармимшудаи Ҳисор, бинои муҳташаму аҷиби «Харбуза» ҳама барои ман наву диданӣ буданд. Аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизам ва суруру шодмонии мардуми шарифаш дилам об хӯрд. Ман, ки дар арафаи ҳимояи рисолаи илмӣ ҳастам, борҳо ба Душанбеи азиз хоҳам омад. Мехоҳам дар Тоҷикистон рисолаи илмиамро дифоъ кунам.

Суҳбаторо

Бузургмеҳри БАҲОДУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *