Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошими Шаҳрудӣ даргузашт

Рӯҳонии саршиноси Эрон ва раиси пешини Вазорати адлия Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошими Шаҳрудӣ баъди бемории тӯлонӣ дар Теҳрон даргузашт. 

Шаҳрудии 70 сола моҳи январ дар Олмон табобат мегирифт ва дар ҳоле ба Теҳрон баргашт, ки фаъолон аз додситонии Олмон тафтиши қарорҳои эъдомро, ки Шаҳрубӣ қабул карда буд, дархост карданд. Фаъолон нақши ӯро дар қарорҳои эъдом ҷиноят алайҳи башарият унвон мекунанд.

Ӯ шахси наздик ба Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ ва аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Раҳбари Олӣ унвон мешуд.

Шаҳрудӣ солҳои 1999 то 2009 раҳбари Вазорати адлияи Эрон буд. Ҳарчанд Шаҳрудӣ баъзе ислоҳлот, аз ҷумла ҳукми қатл тавассути сангсорро мамнуъ кард, аммо фаъолони ҳуқуқ ӯро ба боздоштҳои ғайриқонунии фаъолон ва азобу шиканҷаи зиндониҳо муттаҳам мекунанд.

Соли 2017 Хоманеӣ ӯро ба мақоми раиси Шӯрои нозирон — миёнҷии баҳсҳои байни қонугузорон ва Шӯрои нигаҳбон таъин кард.

Шаҳрудӣ дар Наҷаф аз падару модари эронӣ ба дунё омад. Ӯ соли 1970 аз тарафи нерӯҳои амниятии диктатори Ироқ Саддом Ҳусейн зиндонӣ ва шиканҷа шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *