Ойбек-милисаи “шантажист” дастгир шудааст
Ойбек, нозири минтақавии ҷамоати Сурхи Исфара ҳафтаи гузашта ҳангоми гирифтани 20 ҳазор сомонӣ пора аз як марди гумонбар ба дузанагӣ дастгир шудааст. Ин нозири минтақавӣ ба Ҳоҷӣ ном сокини ҷамоати Сурх таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, ба зиддаш бо иттиҳоми дузанагӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунад.
Ӯ, ки ба дузанагӣ гумонбар мешавад, аз таҳдиду пулканиҳои пайвастаи нозири минтақавӣ ба ҷон омада, ба Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат кардааст, ки нисбат ба милисаи порахӯр чора андешанд. Агентии мубориза бо коррупсия хабари боздошти нозири минтақавии ҷамоати Сурхи Исфарарро ҳанӯз расман нашр накардааст, вале ба гуфти сарчашмаҳо, Ойбек бегоҳи рӯзи панҷшанбеи 16 август ҳангоми аз Ҳоҷӣ гирифтани 20 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.Нисбати ӯ бар асоси моддаи 39-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ойбек дар боздошт қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ