Оё Аҳмади Масъуд дар Тоҷикистон буд?

Манбаъҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, «бо як сафари кӯтоҳ ба Душанбе омад, аммо дубора ба Панҷшер бозгашт».

«Якуним рӯз дар Тоҷикистон буд»

Се манбаи аз ҳам ҷудо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сафари Аҳмад Масъуд пас аз чаҳор рӯзи суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон (моҳи сентябр) сурат гирифтааст. «Аҳмад Масъуд якуним рӯз дар Тоҷикистон буд», — гуфт як манбаи боварбахш рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ.

Вай афзуд: «Аҳмад Масъуд бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон омада буд, то аз ӯ бипурсанд, ки то куҷо барои музокирот бо «Толибон» омода аст. Сарвазири Покистон гуфта буд, ӯ бо «Толибон» гап мезанад ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, бо Аҳмад Масъуд суҳбат кунад. Аҳмад Масъуд барои музокирот бо Толибон ризоият дод, аммо аз «Толибон» дигар хабар нашуд.»

Ба иттилои манобе, Аҳмад Масъуд бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот накарда, «бо писари ӯ, раиси Маҷлиси Миллӣ, Рустами Эмомалӣ, суҳбат доштааст.» Мақомот дар ин бора ҳеч хабар надодаанд.

Ҷузъиёти суҳбати Аҳмад Масъуд дастрас нест, вале манобе гуфтаст, ҳадафи асосии ӯ, дар миёни гузоштани назараш бо ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди музокирот бо «Толибон» буд. Наздикони Аҳмад Масъуд сафари ӯро ба Тоҷикистон тасдиқ ё рад накардаанд. Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳамвора гуфтааст, ки ӯ дар Панҷшер аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *