Оё дар Тоҷикистон озодӣ таъмин аст?
Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, хоса онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист.
Соли равон Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро аз лиҳози озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар ҷойи 161-ум гузоштааст.
Ин нишондод ба маротиб камтар аз солҳои пешин мебошад. Ҳол он ки дар моддаи 2-и Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” омадааст, ки матбуот ва дигар ВАО дар ҶТ озоданд. Ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад. Вале баъзе аз коршиносони ин соҳа вазъи озодии матбуотро дар кишвар ваҳим арзёбӣ мекунанд. Далели ин натиҷаи таҳқиқоти Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аст.
Чун дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот қарор дорем, доир ба вазъи озодии матбуоти кишвар бо чанде аз коршиносон ҳамсуҳбат шудем.
Нуриддин Қаршибоев, раиси АМБАОМТ:
-Вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст. Бинобар шохиси «Гузоришгарони бидуни марз» дар самти озодии ВАО Тоҷикистон дар як соли охир 12 зина поин фаромада, дар ҷойи 161 қарор дорад. Коршиносон аз ин созмони бонуфуз, ки шарику ҳамкори АМБАОМТ ҳастанд, таъкид мекунанд, ки барои як кишвари демократӣ ин хеле ваҳим аст. Ин ҳолат, бинобар таъсири манфии омилҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба матбуот рух додаанд. Барои беҳтар намудани вазъият барномаи густурдаи давлатӣ бо назардошти манфиати воситаҳои ахбори оммаи мустақил лозим аст.
Иброҳим Усмонов, профессор:
— 3 майро ман ҳамчун рӯзи озодии матбуот қабул надорам, зеро он ба матбуоти тоҷик дахл надорад. Ин рӯзест, ки кишварҳои Аврупоӣ дар Африқо ҷамъ омада, онро эълон карданд ва ин хоси кишварҳои африкоист. Мо рӯзи озодии матбуоти худро дорем, ки он 8 сентябр аст, рӯзе ки фашистон Юлиус Фучикро дар зиндон куштанд…
Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтавори “Пайк”:
— Озодии матбуот дар сар то сари ҷаҳон беҳбудӣ металабад. Зеро вазъи озодии матбуот дар ҳолати ногувор аст. Агар мамлакати демократитарин ҳам лофи озодии матбуот занад, нодуруст мегӯяд, зеро фишор дар ҳама ҷо ҳаст. Масалан, агар дар як мамлакат ба воситаи латукӯб ба журналист фишор оранд, дар мамлакати дигар роҳҳои дигаре мавҷуд аст. Агар озодии баён пурра таъмин бошад, будани журналист ҳам маъно надорад…
Дар кишвари мо низ вазъи озодии баён ваҳим аст. Бо вуҷуди ин матбуоти кишвар ба ҳар роҳу васила мехоҳанд вазъи ҷомеаро инъикос кунанд ва ҳақиқати имрӯзро ба мардум расонанд. Барои беҳбуд бахшидани вазъи озодии баён мо бояд талош кунем ва барномаи давлатӣ қабул кунем.
Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”:
-Чанд сол қабл, замоне ки Ричард Ҳоугленд — сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар кишвари мо буд, бо номбурда мусоҳиба доштам. Дар ин мусоҳиба баробари дигар саволҳо аз ҳамсуҳбатам роҷеъ ба озодии сухан дар кишварамон пурсон шудам. Посухи сафир аз ҷумлаи зерин: “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии сухан бо тамоми қираю паҳлуҳояш вуҷуд дорад», шурӯъ шуд. Ибрози ин суханон аз ҷониби сафири яке аз кишварҳои абарқудрати олам, ки то сафир таъин гардидан аз ашхоси калидии Котиботи давлатии ИМА буд. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Ин омил аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ дар заминаи раддабандиву назарсанҷӣ эътироф шуда, дар аксар маврид Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён аз қисмати аъзами кишварҳои ИДМ пеш гузаштааст. Дар маҷмӯъ, ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, хоса онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Табиист, ки журналистон метавонанд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷамеа бо иттилооти боэътимод, ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ва ҷомеа ҳангоми қабул, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот беш аз дигарон саҳмгузор бошанд.
-Қурбониддин Аламшоев, номзади илмҳои таърих, профессор:
-Озодии матбуот дар Тоҷикистон гӯё ки вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон ба ғайр аз матбуоти давлатӣ матбуоти шахсӣ фаъолият дорад, ки онҳо назар ба матбуоти ҳукуматӣ озодтаранд. Вале вақтҳои охир мутаассифона, теъдоди расонаҳои озодфикр тадриҷан кам шуда истодаанд. Ба назар чунин мерасад, ки матбуоти имрӯза наметавонанд ки озодона сухан ронанд. Яке аз принсипҳои давлати демократӣ ин доштани расонахои озод мебошад. Ба фикри ман дар кадом давлате ки журналистон фаъол ҳастанд, дар хамон давлат озодии матбуот ба назар мерасад.
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ