Оё мардон ба кошонаи ҳусн мераванд?
Рӯзе аз пайи коре ба кошонаи ҳусн рафтам. Чун вориди он шудам, як чизи ҷолибе диққатамро ҷалб кард. Дар кошонаи ҳусни занона ба мард хизматрасонӣ мекарданд.
Бисёриҳо (аз ҷумла ман то он замон) ба кошонаи ҳусн рафтани мардонро бовар намекунанд ва инро афсона мехонанд.
Аз дидани ин ҳолат дар тааҷҷуб мондам ва ин мавзуро пайгирӣ намудам. Ба ман гуфтанд, ки мардон бисёр аз хизматрасониҳои кошонаҳои ҳусн истифода мебаранд. То кадом андоза ҳақиқат будани ин гуфтаҳоро ман аз кормандони кошонаҳои ҳусни пойтахт пурсон шудам. Аз рӯйи гуфтаҳои онҳо, мардон дар ҳақиқат ба кошонаҳои ҳусн мераванд ва шумораашон кам нест. Онҳо бештар аз хизматрасониҳои гирифтани мӯю риш, чидани қош, рост ва тоза кардани нохунҳо ва амалиётҳои косметологӣ истифода мебаранд. Аммо мардонро на дар ҳамаи кошонаҳои ҳусн қабул мекунанд, зеро аксарияти кормандон занонанд ва на ҳамаи онҳо хоҳиши бо мардон кор карданро доранд.
«Мардҳоро бештар дар кошонаҳои ҳусни маркази шаҳр қабул мекунанд»,- изҳор дошт дар суҳбат апаи Марҳабо, корманди яке аз кошонаҳои ҳусн.
Ба саволи ман, ки чаро мардон мӯйи сар ва ришашонро дар сартарошхона намегиранд, ҷавоб чунин буд: «Ҳангоми бо ришта гирифтани мӯйи сар ва риш оройиши мӯй зеботару канорҳо рост мешаванд».
Барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷорӣ мумкин аст, ки мутахассисони ороиши мардона омӯзиш дода шуда, кошонаҳои махсус барои мардон ташкил ё хизматрасониҳои лозима дар сартарошхонаҳо ба роҳ монда шаванд.
Ба кошонаи ҳусн рафтани мардон, чуноне ки мардуми мо мешуморанд, фоҷиа нест. Мо бояд ин равандро ҳам монанди аз кошонаи ҳусн истифода бурдани занон падидаи одӣ шуморему онро қабул намоем.
Меҳрангез СУЛТОНЗОДА,
донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ