Оё «Ҳосилот» «Истиқлол»-ро ба ҷойи дуюм мефарорад?
Бегоҳии 21 сентябри соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бозии мавқуфгузошта байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Ҳосилот»-и Фархор баргузор шуд. Мизбонон, ки дар чанд даври Чемпионати 25-уми Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ бо ҳисобҳои калон шикаст хӯрда буданд, ин дафъа бар зидди яке аз довталабони асосии унвони чемпионӣ «Ҳосилот» истодагарӣ карда, бо ҳисоби камтарини 1:0 мағлуб гаштанд. Голи ягонаро дар дақиқаи қисми аввали бозӣ Хайрулло Азизов ба ҳадаф расонда, барои меҳмонони фархорӣ ғалабаи навбатиро таъмин кард.
Бинобар иттилои сомонаи ФФТ, акнун «Ҳосилот» бо 25 хол мавқеи дуюмашро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам карда, аз дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва КМВА «Помир»-и Душанбе 5 хол пеш гузашт. Дар садри мусобиқа ҳамоно «Истиқлол»-и Душанбе 33 имитиёзро ба даст оварда, аз фархориҳо 8 хол зиёдтар дорад. Чун ҳарсола имконоти «Истиқлол» барои боз ба даст овардани унвони чемпионии Тоҷикистон бештару аниқтар аст. Барои аъзои дастаи мазкур дар 5 бозии боқимонда ба даст овардани ҳамагӣ 8 хол басанда аст, ки ба ин ҳадафи олиашон бирасанд.
«Ҳосилот», ки соли дуюм боз ба ҷумлаи довталабони унвони фахрии мазкур дохил шуда, торафт бозии хубу шавқовар намоиш медиҳад, аз лиҳози назариявӣ дар сурати 5 бозии боқимондаро ба фоида худ анҷом додан ва дар 3 бозӣ шикаст хӯрдани Чемпиони соли 2015 метавонад ба медалҳои тиллои мусобиқот соҳиб шавад. Аммо Чемпиони имрӯза «Истиқлол», ки то имрӯз дар ягон вохӯрӣ мағлуб нашуда, ҳамагӣ 3 бозиашро мусовӣ кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин роҳ намедиҳад. Вале бахусус дар футбол бо дилпурӣ гуфта наметавонем, ки маҳз ин даста унвони чемпиониашро ба як соли минбаъд ҳифз карда метавониста бошад.
Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 9-голӣ, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 гол, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 7 гол.
Бозиҳои даври 15-ум
24 сентябр (шанбе)
Оғози бозиҳо- соати 16:00.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ