Оё Теҳрон лонаи сулҳи Толибон мегардад?
Дар Теҳрон музокирот миёни ҳайати Ҳукумати Афғонистон бо намояндагони ҷунбиши радикалии дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон оғоз шуд.
Бино ба хабари ISNA Ҷаласаро вазири умури хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф ифтитоҳ кард ва ҳушдор дод, ки “ҷонибҳоро лозим меояд, ки дар бораи ояндаи Афғонистон қарорҳои душвор қабул кунанд”.
Ҳайатҳоро собиқ ноиби Президенти Афғонистон Юнус Қонунӣ ва Муовини раиси Дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа Шермуҳаммад Аббос Станикзай сарварӣ мекунанд. Раҳбари ҳайати Толибон дар суханронии ифтитоҳиаш гуфт, ки ба Теҳрон барои “баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи дуҷониба” ташриф овардааст.
Дар бораи ҷузъиёти дигари ин мулоқот ҳарфе гуфта нашудааст, аммо таъкид шудааст, ки Эрон метавонад чанд миллион гурезагону муҳоҷирони кории афғонистониро қабул кунад, аз ин рӯ аз афзоиши нооромиҳо дар кишвари ҳамсоя шадидан нигарон аст.
Зариф инчунин аз “шикаст” -и нерӯҳои ИМА пас аз ду даҳсолаи ҷанг ситоиш кард ва аз “натиҷаҳои номусоиди идомаи низоъ” ҳушдор дод.
Қаблан Толибон изҳор карда буданд, ки онҳо аз 398 минтақаи Афғонистон дар 162 минтақа назорати худро барқарор кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ