Оё қулфинай боиси марги инсон мешавад?

Дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабарҳое пайдо шуданд, ки гӯё дар вилояти Суғд бар асари истеъмоли қулфинай (клубника) ду кӯдак ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабарҳое пайдо шуданд, ки гӯё дар вилояти Суғд бар асари истеъмоли қулфинай (клубника) ду кӯдак ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Фахриддин Ҳакимов,  сармуттахассси амрози кӯдакони Раёсати тандурустии вилояти Суғд ин  хабарҳоро рад кард.

Вай гуфт: “Ба тамоми беморхонаҳои шаҳр ва атрофи он, аз ҷумла  шӯъбаи эҳёи кӯдаконаи беморхонаи клиникавии кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд, беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд,  беморхонаи марказии Бобоҷон Ғафуров,   ҷамоатҳои Ҳайдар Усмон ва Ёва, ки дар атрофи шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд, муроҷиат кардем. Пурсон шудем, ки  оё ягон кӯдак бо ташхиси сироятёбӣ муроҷиат кардааст? Аз ҳама ҷо як ҷавоб гирифтем, ки дар давоми ду моҳи фасли баҳор ягон нафар кӯдак бо бемории меъдаю рӯда, ки маҳз аз истеҳмоли мевагӣ, хоса қулфинай бошад, муроҷиат накардааст”.

Зимнан, 26 апрел Робияхон Раҳматова ном зан дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”  чунин навишт: Дӯстони азиз, кӯдакони худро эҳтиёт кунед, мавсими  тармева гуфта қулфинай  надиҳед, ки бисёри ин меваҳо бо дору минералҳо пухтагӣ, ба фарзандонатон зарар накунад”.

Ин навишта дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук  баҳсу  шарҳҳои зиёдро дар пай гузошта, то дами аз ҷониби масъулини бехатарии озуқаворӣ ташхис кардани ин намуди мевагӣ овозаҳои зиёде низ миёни сокинони шаҳри Хуҷанд паҳн гашт.   

Санҷиши шабона дар бозори “Панҷшанбе”

Абдуғанӣ  Почоев, раиси Ҷамъияти соҳибкорони бозори  марказии “Панҷшанбе” дар иртибот ба фурӯши қулфинай дар ин бозор гуфт, маҳсулоти муддати истеъмолаш гузашта билофосила аз фурӯш боздошт мешавад.

Вай афзуд: “Мо хабар ёфтем, ки нисфи шаб ба бозори мо дар чанд мошини майда қулфинай ворид шудааст. Саҳар  ташхис кардем. Муайян шуд, ки истеъмоли қулфинайҳо номумкин аст. Аз ин сабаб  дар якҷоягӣ бо роҳбарияти бозор ва духтурони байторӣ, инчунин дигар сохторҳои дахлдор  комиссия ташкил карда, бо мошинҳо ҳамаи қулфинайро барои несту нобуд ба партовгоҳ бурдем”. 

Насимҷон Камолов, сардори маркази бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд мегӯяд: “Ин намуди мевагӣ нозук мешавад, бояд дар ҳавои муътадил нигоҳдорӣ шавад. Вале соҳибкороне, ки ин намуди меваро аз вилояти Хатлон меоранд, аз  сабаби банд шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, муддати ду шабонарӯз меваҳо дар дохили мошин истоданд.  Зоҳиран ҳам маълум буд, ки таркиби қулфинайҳо вайрон шудаанд. Зеро рангу намудашон аз қулфинайи муқаррарӣ фарқ мекард ва ҳам бӯй гирифта буд”.

8 нафар соҳибкор 28 апрел дар мошинҳои махсус (хундай-портер) аз вилояти Хатлон қулфинай оварданд. Муттахассисони озмоишгоҳи назди бозори Панҷшанбе  маълум карданд, ки таркиби қулфинай вайрон шудааст.  Саҳарии 29-уми апрел  масъулини бозори марказии “Панҷшанбе”, кормандони РВКД-и вилоят ва дигар масъулон  тақсим ва ба фурӯш баровардани ин намуди мевагиро манъ карданд. Зеро таркиби он аллакай вайрон шуда ба дарунравӣ то дигар бемориҳои шадиди рӯдаю меъда оварда мерасонад.

Барои роҳ надодан ба фурӯши маҳсулоти пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 9598 кило  қулфинайи  мӯҳлаташ гузашта  дар партовгоҳи КВДКА-и хизмати нақлиёти шаҳри Хуҷанд нобуд ва болои он пурра хокпӯш карда шуд.            

Фарзона Муродӣ

Матни комил дар шумораи ояндаи нашрияи “Тоҷикистон” чоп мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *