Озар Хоҷўӣ – Эрон
Чӣ зебост
Аз рақси тарабхезу ҳавас рези ту пайдост,
К-андоми дилангези ту сарчашмаи ғавғост.
Он соқи сабукхез, ки аз мо ба гурез аст,
Дар рақс надонӣ, чӣ ҳавасхезу фиребост.
Ин қомати мавзун, ки ба рақс омада аз туст,
В-ин шўри қиёмат, ки ба по хоста аз мост.
Он хирмани гесу, ки диле баста бар ҳар мўй,
Бар дўши ту шўрида ба рақс омада зебост.
Болои дилорои ту дар печу хами рақс,
Дар базми хаёлам тани рақсони ҳавасҳост.
Аз рақси диловези ту бо валвалаи чанг,
Дар маҳфили мастонаи мо маҳшари куброст.
Танҳо на манам ташна ба васли ту, ки ҳар кас,
Биншаст бар ин чашмаву лабташна ба по хост.
***
Бар кашокаши ин мавҷ
Ба ҷуз ҳубоб нишон аз кулоҳдорӣ нест,
Ки бар кашокаши ин мавҷ эътиборе нест.
Ҳанўз нуқраи маҳтоб мечакад бар об,
Магар талиъаи хурро талоядоре нест.
Ба дашт замзамаи шодии ҷўйборе не,
Ба кўчабоғ, шаб овои раҳгузоре нест.
Дасти пойизи ту абрии беҳунари танг,
Ба синарези ту илтимоси обшоре нест.
Нашинони сояи хуршед ба базми хок,
Чароғи сўхтаро Озар, эътиборе нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ