Озарбойҷон неруҳояшро аз минтақаи Фурухи Қарабоғ берун кард
Бино ба маълумоти бюллетени Вазорати дифои Русия дар бораи фаъолияти неруҳои посдори сулҳи Русия, ки дар вебсайти ин идора нашр шудааст, Озарбойҷон пас аз музокираҳо неруҳои худро аз минтақаи аҳолинишини Фурухи Қарабоғи Куҳӣ берун кард.
Дар арафаи он маълум шуд, ки артиши Озарбойҷон вориди минтақаи масъулияти контингенти посдори сулҳи Русия дар Қарабоғ шудааст. «Дар асоси натиҷаҳои музокираҳо ҷониби Озарбойҷон хуруҷи воҳидҳои худро аз минтақаи аҳолинишини Фурух анҷом дод»,- овардааст РИА «Новости» бо такя ба порае аз шарҳи Вазорати дифоъ.
Моҳи сентябри соли 2020 дар Қарабоғи Куҳӣ амалиёти ҷангӣ оғоз шуд, ки идомаи муноқишаи тӯлонӣ гардид. Бо миёнҷигарии Русия 10-уми ноябри ҳамон сол ба тарафҳо муяссар шуд, ки созиш ба имзо расонанд. Бо миёнҷигарии Маскав, Боку ва Ереван тавофуқ карданд, ки оташбасро комилан қатъ намуда, асирон ва ҷасади мурдаҳоро табодул кунанд.
Озарбойҷон ва Арманистон низ ваъда доданд, ки дар мавқеъҳои худ боқӣ хоҳанд монд. Ереван вилоятҳои Калбачару Лочин ва Агдамро ба Боку дод. Илова бар ин, дар минтақа неруҳои посдори сулҳи Русия мустақар шудаанд. Қаблан радиои Sputnik хабар дода буд, ки Қарабоғи Куҳӣ иттиҳомоти тирборон кардани мавқеъҳои Озарбойҷонро рад мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ