Озмун ба хотираи Нусратулло Махсум
«Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба хотираи гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамояд.
Дар ин озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, ширкат варзида метавонанд. Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома меёбад.
Оғози он озмун дар ҳолест, ки чанде пеш собиқ Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов аз мақомоти давлатӣ хостори овардани як каф хок ва сохтани оромгоҳи Нусратулло Махсумро карда буд. Ба иттилоъи Иброҳим Усмонов қабри Нусратулло Махсум дар қабристони марказии Маскав дар қатори «Гӯрҳои бесоҳиб» ҷойгир аст.
Нусратулло Махсум Лутфуллоев аз аввалин роҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ буда, солҳои 30-юм дар натиҷаи репресияи сталинӣ ба қатл маҳкум шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ