ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “100 – ЧЕҲРАИ МУВАФФАҚ” баргузор мегардад

Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ва Осиё бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “100 – ЧЕҲРАИ МУВАФФАҚ” баргузор мегардад.
Озмун тибқи Низомнома аз рӯи 10 номинатсияҳои зерин баргузор гардида, талабот ба иштирокчиёни озмун чунинанд:
I) илм ва маориф – роҳбарони муассисаҳо, омӯзгорон, устодони дорои дараҷаҳои илмӣ, ки на кам аз 10 сол фаъолияти корӣ дошта муассисаи онҳо муассисаҳои пешқадам ҳисобида шавад, шогирдони онҳо ғолибони озмуни олимпиадаҳои байналмилалӣ бошанд, маҳсули эҷоди онҳо дар минтақа муаррифӣ шуда бошад;

II) ҷавонон ва варзиш – ҷавонони синни то 35 сола, ки соҳиби унвонҳои илмианд, дастовардҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ доранд, ғолибону озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фаъолияти соҳибкории муваффақ доранд, варзишгароне, ки қаҳрамон, ҷоизадор ва ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавианд;

III) фарҳанг ва санъат – кормандони вазоратҳои фарҳангу маданият, ки ҷиҳати рушду нумуъи фарҳанги миллӣ худ кор кардаанд, самти фаъолияташон ба дастоввардҳои назаррас ноил шудааст, санъаткороне, ки ғолибони озмунҳои байналмилалӣ ва минтақавианд, дар чорабиниҳои давлатӣ ва байналмилалӣ фаъолони иштирок менамоянд;

IV) IT-технология ва зеҳни сунъӣ– нафароне, ки аллакай барномаҳои онҳо дар ин ва ё он соҳа истифода мешавад ва алгоритмҳои сохтаи онҳо мавриди истифодаи умум қарор гирифтааст;

V) хизматчиёни давлатӣ – хизматчиёни мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти хубӣ хизматӣ доранд ва дастовардҳои назаррас доранд, дар низоми хизмати давалтӣ намунаанд, дастовардҳои соҳавӣ, илмиву эҷодӣ доранд;

VI) мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа – кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, ки дар рафти фаълияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, ҷиаҳати пешгирии тероризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҷиноятҳои махсусан муҳим ва хавфнок, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва кибертероризм, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ саҳм гузоштанд;

VII) соҳибкорон — соҳибкороне, ки дар фаъолияти тиҷории худ муваффақанд, тиҷорати онҳо дар минтақа ва ҷаҳон фаъолият дорад, ба табақаҳои ниёзманди ҷомеъа кумак мерасонад, барои сохтмони таиноташон гуногун дар кишварҳои худ кумак намудаанд;

VIII) ихтирокорон ва барномасозон – ихтироот ва барномаҳои онҳо дар озмунҳои соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гашта патент ва шаҳодатнома доранд, ихтироот дар ин ва ё он соҳои хоҷагии халқ ва ё хизмат умум истифода мешавад:

IX) шоирону нависандагон – асарҳои назмиву насрие, ки дар таблиғи сулҳу дустӣ байни кишварҳои ИДМ, барқарории муносибатҳои гуногунҷабҳа саҳм гузоштаанд, асарҳое, ки дар минтақа чоп шуда мавриди истифодаи умум қарор гирифтаанд,

X) Журналистика – маводҳои эҷодшуда ва пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиое, ки байни кишварҳои О,М. ва ИДМ шунаванда ва тамошобини худро дорад.

Иштирокчиён метавонанд, ба таври инфиродӣ ё бо пешниҳоди роҳбари корхона ва муассиса бо нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва пур кардани Анкета (замимаи 3) ба Комиссияи озмун ва пешниҳод намояд.

Маълумоти бештарро метавонед тавассути почтаи электронии [email protected]; о[email protected] ва бо рақамҳои +992 999 999 973 (Watsapp ва telegram ва Instagram cid_tj) дастрас намоянд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 5 январи соли 2024.
Иштирок намо, шояд яке аз 100 беҳтаринҳо ту бошӣ!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *