Озмуни «Чакомаи гесӯ» дар Кӯшониён
Дар доираи идома аз соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон озмунҳои мухталифи милливу фарҳангӣ баргузор гашта истодааст.
Чунин як озмуни сатҳи баланд миёни муассисаҳои миёна ва литсею гимназияҳои давлатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар озмун хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ аз рӯи шаш шарт: намоиши ҳунари машотаҳо ба тарзи замонавӣ, ҳунари баланди мӯйбофӣ, намоиши гесӯи дарози тоҷикона, бадеҳахонӣ, суруд ва рақси беҳтарин дар васфи зан модар, ҳусну малоҳат ва гесӯи дароз инчунин намоиши яке аз анъанаҳои миллӣ аз эҷодиёти халқ, аз қабили саршӯён, мӯйбофон ва ғайра маҳорату малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд. Иштирокчиён дар ҳар як бахш ҷаҳду талош менамуданд, ки сазовори холи баланд бошанд.
Дар ҷамъбасти озмун аз ҷониби аъзои ҳакамон беҳтаринҳо муайян шуда, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҷомӣ Халифаев
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ