«Озмуни дастархонороӣ» ҷамъбаст гардид

Даври шаҳрии  «Озмуни дастархонороӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он ғолибони 4 ноҳияи шаҳр, ки бо санъати баланд дар эҳёи анъанаҳои дастархонороӣ  саҳм гузоштанд, ҳунари худро пешкаши иштирокдорон намуданд. Ҳакамон  ғолибони озмунро  муайян карданд. Ҷойи якум   ба дастархонороёни ноҳияи Сино (маблағи 5000 сомонӣ), ҷойи дуюм ба ноҳияи Фирдавсӣ (3000 сомонӣ)  ва ҷойи сеюм ба ноҳияи Шоҳмансур  (1000 сомонӣ)  муносиб дониста шуд. Хабар медиҳад АМИТ “Ховар”

Гуфта мешавад, ки «Озмуни дастархонороӣ» дар се давр гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҳуқуқи иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявиро пайдо  намуданд. Ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи  сарфакорона ва  моҳирона оростани дастархони зебо,  риояи анъанаҳои миллӣ ҳангоми  оростан  ва ба замона мутобиқат намудани  он баҳогузорӣ гардид.

Озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020 доир гардида, ҳадафи он сарфакорона ва моҳиронаву ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо  маҳсуб мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *