Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст шуд. Кистанд ғолибон?
Шоми 15 декабр дар Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ширкати муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, ҳайати ҳакамон ва ғолибони озмун маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифт.
Озмуни имсола аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошта, номинатсияҳо ба чор гурӯҳ – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ ва омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷудо ва теъдоди ҷойҳо мутаносибан барои ғолибон ҷойи 1 як нафар ва ҷойҳои 2 ва 3 дунафарӣ муайян гардида буд. Фарқияти дигари озмуни имсола аз ду соли пеш дар он аст, ки соли равон касе соҳиби Шоҳҷоиза нагардид.
Дар зер рӯйхати ғолибонро аз рӯйи номинатсияҳо манзури Шумо мегардонем.
НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ВА ОСОРИ ШИФОҲӢ
Гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ:
Ҷойи якум – София Ширинова, хонандаи синфи 8-и МТМУ №3 шаҳри Роғун.
Ҷойи дуюм — Фариза Пошанбиева, хонандаи синфи 8-и МТМУ№21-и ноҳияи Рушон ва Усмон Салимзода — хонандаи синфи 2-и гимназияи №2-и шаҳри Душанбе
Ҷойи сеюм – Рӯдакӣ Норов, хонандаи синфи 8-и МТМУ №34-и шаҳри Панҷакент ва Сафиямоҳ Юсупова — хонандаи синфи 7-и гимназияи Донишгоҳи давлатии Бохтар
Гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ:
Ҷойи якум — Ҷононаи Зикрулло, донишҷӯи Академияи ВКД
Ҷойи дуюм – Ансоралӣ Эшбеков, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Садриддин Негматов, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур
Ҷойи сеюм — Зебинисо Назарова, донишҷӯи курси дуюми Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ва Шоира Хуҷамардова, донишҷӯи курси 2-и Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
Гурӯҳи аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ:
Ҷойи якум – нест.
Ҷойи дуюм – нест.
Ҷойи сеюм – Ёдгори Аслинисо, докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров.
Гурӯҳи омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун:
Ҷойи якум – Музаффар Сулаймонов, корманди телевизиони «Баҳористон»
Ҷойи дуюм – Фариза Мамадназарова, омӯзгори литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ ва Фирӯза Мирахмедова, омӯзгори МТМУ №61 ноҳияи Ашт
Ҷойи сеюм – Бузургмеҳр Боймуродов, муҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон ва Саломат Фаттоева, омӯзгори ноҳияи Спитамен.
НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ
Гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ:
Ҷойи якум — Зайнаб Зиёева, хонандаи синфи 11-и МТМУ №5 шаҳри Душанбе.
Ҷойи дуюм — Фарзона Сафарова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №1 ноҳияи Вахш ва Ҳоҷимоҳ Нурова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №13-и ноҳияи Айнӣ
Ҷойи сеюм — Ориёнури Султоншо, хонандаи синфи 11-и МТМУ №29-и ноҳияи Рушон ва Меҳрангез Набиева, хонандаи синфи 10-и гимназияи «Ганҷ»-и шаҳри Хуҷанд.
Гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ:
Ҷойи якум – Соҳиба Изатова, донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат.
Ҷойи дуюм – Муродҷон Саҳобиддинов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Гулнисо Содиқзода-донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён.
Ҷойи сеюм – Маликабону Рӯзиматова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Шабоҳанги Абдусаттор, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
Гурӯҳи аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ:
Ҷойи якум – нест.
Ҷойи дуюм – Наргис Мирзоева, унвонҷуи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Шодмонбибӣ Шарофова, докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров.
Ҷойи сеюм – Лоиқ Собиров, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Исмоил Саидов, докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров.
Гурӯҳи омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун:
Ҷойи якум – Муҳиба Асоева, китобдори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҷойи дуюм – Моҳрӯ Қурбонзода, омӯзгори МТМУ №13-и ноҳияи Ашт ва Убайдулло Хуҷаёров, корманди рӯзномаи «Паёми Душанбе».
Ҷойи сеюм – Ваҳдатшоҳ Мариншоев, сарбоз аз шаҳри Бӯстон ва Фирӯз Шамсиддинов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маъюби гурӯҳи 1.
НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ МУОСИР
Гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ:
Ҷойи якум – Гулҷон Наҷмиддинова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №13-и шаҳри Панҷакент
Ҷойи дуюм – Мудассира Нарзиқулзода, хонандаи синфи 8-и МТМУ №87-и шаҳри Душанбе ва Ҳабибулло Ҷобирзода, хонандаи синфи 9-и Гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон.
Ҷойи сеюм – Соҳибҷон Норов, хонандаи синфи 9-и МТМУ №18-и шаҳри Панҷакент ва Фарзона Зафарзода, хонандаи синфи 4-и Гимназияи №2-и шаҳри Душанбе.
Гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ:
Ҷойи якум – Исрофил Маҳмудзода, донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҷойи дуюм – Авзалшоҳ Сироҷиддинов, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Шарифҷон Мизробов, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров.
Ҷойи сеюм – Покиза Шодмонзода, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Шоира Давлатзода-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Гурӯҳи омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун:
Ҷойи якум – Муқаддам Абдуллоева, хонашин аз шаҳри Ҳисор.
Ҷойи дуюм – Асрор Карамалиев, истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа, маъюб ва Саида Одинаева-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ.
Ҷойи сеюм – Сайрамбӣ Воҳидова, омӯзгори Коллеҷи технологӣ-форматсевтии ноҳияи Ёвон ва Шукрона Рустамзода, ассистенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН
Гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ:
Ҷойи якум – Ганҷина Шерализода, хонандаи синфи 11-и МТМУ №59-и шаҳри Душанбе.
Ҷойи дуюм – Сафина Домуллоҷонова, хонандаи синфи 10-и литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Нодира Раҳимова-хонандаи синфи 11-и МТМУ №41-и ноҳияи Шаҳринав.
Ҷойи сеюм – Лайло Султонзода, хонандаи синфи 11-и МТМУ № 7-и шаҳри Хуҷанд ва Сарвиноз Файзуллобекова, хонандаи синфи 6-и литсейи Оғохон.
Гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ:
Ҷойи якум – Дилноза Бобомуродова, магистри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҷойи дуюм – Аслиддин Мирзошоев, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва Насиба Ҳафиззода, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷойи сеюм – Алома Собирова, донишҷӯи курси 3-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Шаҳзодахон Бурхонова, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Гурӯҳи аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ:
Ҷойи якум – Гулпарӣ Ҳусейнова, муаллими калони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Ҷойи дуюм – Наврӯзи Ҷумъамурод, аспиранти Институти адабии ба номи М.Горкий ФР.
Ҷойи сеюм – нест.
Гурӯҳи омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун:
Ҷойи якум – Мулкия Аҳтамзода, китобдори китобхонаи бачагонаи шаҳри Душанбе.
Ҷойи дуюм – Зулайхо Иззатзода, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва Шозодабегим Шукрихудоева, омӯзгори литсейи Оғохон
Ҷойи сеюм – Ислом Боймуродов, омӯзгори МТМУ №7-и ноҳияи Шаҳристон ва Гулчеҳра Самадова, омӯзгори МТМУ №7-и ноҳияи Вахш.
НОМИНАТСИЯИ ЭҶОДИ НАСР
Ҷойи якум – Муртазоалӣ Муродов, омӯзгори МТМУ №58-и шаҳри Истаравшан.
Ҷойи дуюм – Мирзошариф Шарифзод, омӯзгори МТМУ №1-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷамила Муродова, омӯзгори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб
Ҷойи сеюм – Садафмоҳ Азимова, хонандаи синфи 11-и литсейи №2-и шаҳри Душанбе ва Фурқат Низомов-корманди ТВ «Сафина»
НОМИНАТСИЯИ ЭҶОДИ НАЗМ
Ҷойи якум – Родмеҳр Сулаймонӣ, омӯзгори МТМУ 41-и ноҳияи Мастчоҳ.
Ҷойи дуюм – Баҳманёри Саидқул, мудири бахши шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритус ва Кӯҳзод Тағоев, муҳаррири Кумитаи телевизион ва радио.
Ҷойи сеюм – Давлатмурод Алиев, корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор ва Фозил Муқимзода, донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода.
МУКОФОТ: Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дувум 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
ҲАМЧУНИН: 13-уми декабр барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 15 нафар довталаб 6 нафар – Муқаддам Абдуллоева, Муҳиба Асоева, Исрофил Маҳмудзода, Муртазоалӣ Муродов, Гулҷон Наҷмиддинова ва Софи Ширинова иштирок карданд, ки донишу ҷаҳонибинии довталабон аз рӯйи 5 номинатсия санҷида шуд. Бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи Низомномаи озмун ягон нафар ба дарёфти “Шоҳҷоиза” муносиб дониста нашуд.
ОМОР: Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 27 ҷой, вилояти Суғд 25 ҷой, вилояти Хатлон 10 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 ҷой ва ВМКБ соҳиби 7 ҷой гардиданд.
ҚАДРДОНӢ: Ҳамзамон, ба 21 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, маблағи 10000 сомонӣ супурда шуд. Ҳамчунин, 39 нафар ширкаткунандаи фаъоли ин озмун низ аз номи Президенти кишвар 5000-сомонӣ ҳадя шудааст. Ба 20 ширкаткунандаи фаъоли дигар бошад 2000 сомонӣ аз сӯйи Вазорати маориф тақдим шудааст.
ЁДДОШТ: Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ