Озмуни нав: Шеъри Истиқлол. Кӣ ғолиб ва соҳиби 6000 сомонӣ мешавад?

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»  бо мақсади дастгирии шоирон ва тарғиби адабиёти ноб бахшида ба 26-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Озмуни “Шеъри Истиқлол”-ро эълон мекунад. 

 Дар ин озмун ҳама – шурӯъ аз фарди одӣ, то шоирони касбӣ метавонанд ширкат намоянд.  Муаллифон шеърҳои худро бо акс ва ишораи “Ба озмуни “Шеъри Истиқлол” метавонанд ба мо ирсол намоянд. Шеърҳои ба озмун пешниҳодмешуда, бояд дар мавзӯъи Истиқлолият ва дастовардҳои ватани азизамон дар замони истиқолол бошад.

Маблағи мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ба тариқи зер аст:

  Ҷойи аввал — 3 000 сомонӣ

    Ҷойи дуюм -2 000 сомонӣ

     Ҷойи сеюм — 1000 сомонӣ.

Қабули шеърҳо ба озмун то санаи 1 сентябр идома меёбад ва дар арафаи ҷашни Истиқлолият  ҷамъбаст мегардад.

Шумо метавонед, шеърҳои худро ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 11 ирсол кунед ё тариқи почаи электронии [email protected]  фиристед. Ҳамчунин шумо имкон доред, ки намунаи ашъоратонро ба воситаи вайбер ва телеграмма бо телефони 918 79 49 38  ба мо фиристед.  Акси муаллиф дар баробари шеър тақозо мешавад.

Телефон барои тамос: 238 54-51, 93 111 08 59

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *