Озмуни “Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj” ҷамъбаст шуд (аудио)

Аввали моҳи феврали соли ҷорӣ сомонаи Pressa.tj ва ютубканали он озмуни “Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj”-ро эълон карда буданд ва инак ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд.

Ба унвонии озмуни “Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj” 38 нафар наворҳои худро ирсол карданд, ки новобаста аз синну сол буданд.

Рӯзҳои наздик дар чорабинии махсус ғолибони озмун бо диплом, маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки иштирок дар озмуни “Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj” сода буд. Ҳар иштирокчӣ шеъреро дар васфи Наврӯз интихоб карда, онро дар назди камера қироат кард ва ба суроғаи мо фиристод. Ҳамчунин, ба мазмун ва қироати шеър таваҷҷуҳ намуда, розигии худро дар хусуси пахш намудан дар ютубканали Pressa.tj доданд.

Илова бар ин, ҳар нафаре, ки имкони сабт кардан надошт, ба студияи ютубканали Pressa.tj омада, шеъри худро қироат кард.

Боиси зикр аст, ки ғолибон бо мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ бо тартиби зер қадрдонӣ мегарданд:

Ҷойи аввал — 1500 сомонӣ

Ҷойи дуюм — 1000 сомонӣ

Ҷойи сеюм — 500 сомонӣ

Ҳамчунин, ба ҳамаи ғолибон се китоби тозанашри сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур тақдим карда мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.