Озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” ҷамъбаст гардид

30 май дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти бонк, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, ҳайати ҳакамон ва тадорукот, намояндагони шарикони рушд ва воситаҳои ахбори омма маросими тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” баргузор гардид.

Озмуни зикргардида, ки соли дуюм аст дар доираи “Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” гузаронида мешавад, дар асоси фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли сипаригашта аз рӯйи чор номина: “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор” ва “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” ҷамъбаст гардид.

Чорабиниро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун пеш аз ҳама таъмини иҷрои банди 32 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 ноябри соли 2023, №545) тасдиқ шудааст, инчунин тавсеаи дастрасии соҳибкории бонувон ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Дар навбати худ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода қайд намуд, ки дар шароити имрӯза фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории бонувон, яке аз нерӯҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои асосии иқтисодӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир, афзоиши даромади аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмӯъ таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми назаррас дорад.

Сипас, аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун барандагони ҷоизаҳо бо ҷомҳо, дипломҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҷоизаҳо ба ғолибони озмун аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва Гулбаҳор Назирӣ супорида шуданд.

Дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор” ҷойи 1-умро КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ҷойи 2-юмро ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ҷойи 3-юмро КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” соҳиб гаштанд.

Дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор” ҶСП ТАҚХ Ҳумо” ҷойи 1-ум, ҶДММ ТАҚХ “Фазо С” ҷойи 2-юм ва ҶСК “Ориёнбонк” ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.

Аз рӯйи ҷамъбасти номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор” ҷойи 1-умро ҶСК “Бонки Эсхата”, ҷойи 2-юмро ҶСК “Алиф Бонк” ва ҷойи 3-юмро ҶСП ”Бонки байналмилалии Тоҷикистон” соҳиб гаштанд.

Дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” ҷойи 1-ум ба ҶСП Бонки ”Арванд”, ҷойи 2-юм ба ҶДММ ТАҚХ “Финка” ва ҷойи 3-юм ба ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл” насиб гардид.

Барои саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСК “Тавҳидбонк”, ҶСП “Актив Бонк” ва ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” бо Ифтихорномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар озмун ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз”, ҶДММ ТАҚХ “Матин”, ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия”, ҶДММ ТАҚХ “Зудамал”, ҶСП ТАҚХ “Ардо-капитал” ва ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” бо Сипосномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба иштирокдорони чорабинӣ барои саҳми назаррас дар рушди бомароми низоми бонкӣ ва бахши молиявии кишвар изҳори минатдорӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда барояшон барору комёбӣ таманно намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *