Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» оғоз гардид

Бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар ва эҷодкор озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» оғоз гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаfнд.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар маросими ифтитоҳи он, ки дирӯз баргузор гардид, муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагон ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок доштанд.

Муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ иброз намуд, ки озмуни мазкур охири ҳар сол бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар озмун 5 нафар: Мунира Куканбекова – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ, Бахтовар Ҳукумов – омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Муродҷон Ҳайдаров – омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Дилбар Шоева – омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ва Ҷонибек Сафаров – омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб иштирок намуда, аз рӯйи шартҳои гуногун ҳунару маҳорати худро месанҷанд.

Бояд гуфт, ки озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» 3 рӯз идома ёфта, ҷамъбасти он 29 декабр дар назар дошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *