Озмуни видеоии «Ҳама дар хона»-и Tcell беҳтарин идеяҳои хушгузарониро ҷамъ меорад
Озмуни видеоии «Ҳама дар хона» аз Tcell идома меёбад!Тибқи шартҳои озмун, зарур аст, ки Шумо навори на бештар аз 2 дақиқаиро, ки дар бораи вақтгузаронии хонавода аст ва мавзӯяш маърифатӣ, дар шабакаи Телеграмм бо рақами 93 460 1661 ирсол намоед. Панҷ идеяи беҳтарини креативӣ ва маърифатӣ аз ҷониби ширкати Тсеll бо опсияи «Ютуби бемаҳдуд» барои 1 сол мукофотонида мешаванд!
Аз рӯзи эълони озмун — аз 1 майи соли равон, ҳамарӯза Tcell барои ширкат дар он наворҳои зиёде қабул мекунад. Иштирокчиён аз Душанбе, Ёвону Хуҷанд, ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҳатто аз ИМА видео ирсол кардаанд! Ҳар як навор роҳ усулҳои ҷолиб ва муфидро ҳангоми дар хона будан нишон медиҳад. Масалан, Сорохон аз Хуҷанд тарзи ҷаҳидан бо ресмон, Муслиҳиддин аз Ёвон усулу техникаи рақсро тамрин карда, Хатичаи панҷсола ҳамроҳ бо волидайн нонпазиро ёд мегирад.
Барои иштирок дар озмун шитоб кунед- ба ҷаҳониён нишон диҳед, ки вақти худро дар хона чӣ тавр мегузаронед! Озмун то 01 июни соли 2020 идома меёбад.
Ҳамаи наворҳо дар саҳифаи расмии Tcell дар YouTube: https://www.youtube.com/user/TcellTJ гузошта мешаванд.
Бо шартҳои озмуни видеоии «Ҳама дар хона» дар ин ҷо шинос шуда метавонед: https://www.tcell.tj/content/news/video/
Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ