Озмуни “Ягона аз даҳгона” ғолибонашро ёфт
Инак, даври чоруми озмуни “Ягона аз даҳгона” ҷамъбаст гардид. Ёдовар мешавем, ки сомонаи “tajikistantimes.tj”аз саннаи 2-юми май то 2-юми июл даври чоруми ин озмунро дар байни ҳаҷвнигорон роҳандозӣ намуда, дар дили ҳаводорони ҳаҷву ханда ғулғула барафканда буд, ки аз байни 20 ҳунарманди овозадор ғалаба насиби кӣ мегашта бошад.
Ҳаҷвнигорон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, рақобат байни ҳунармандон дар ҳарду гурӯҳ бисёр пуршиддат ҷараён гирифт. Ба гурӯҳи аввал ҳаҷвнигороне шомил буданд, ки аллакай ба пояи устодӣ расидаанд. Дар ин гурӯҳ ғолибият насиби ҳунарманди маъруфу машҳур Ҷамшеди Ҳалим гашт, ки бо ҳазлҳои намакинаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, 1723 овоз ба даст овардааст.
Рақибони Ҷамшеди Ҳалим-Аловиддин Абдуллоев 1087, Бахтиёр Раҳимов 961 , Убайдулло Раҷабов 742, Холмурод Насриддинов 650, Бобои Файз 635, Қиёмиддин Чақалов 422, Шодӣ Солеҳ 457, Асланшоҳ Раҳматуллоев 418 ва Фатҳулло Абдуллоев 321 овозиро соҳиб гаштанд.
Дар гурӯҳи дуюм ҳаҷвнигорони ҷавон байни худ қувваозмоӣ намуданд ва Дӯстмурод Шарипов, ки бо лақаби Дон Жуан машҳур аст, бо 1301 овоз ғалаба ба даст овард.
Мо ин ду ҳунарманди хушзавқро бо ғалаба шодбош гуфта, барояшон парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дигар ҳаҷвнигорон низ хеле фаъол буданд. Ҳаҷвҳои намакини Муқимҷон Абдуфаттоевро 1225 нафар қадр намуда, ба ҷонибдории ин ҳунарманди хушзавқ овоз доданд.
Ҳаводорони Ташриф Халилов бо 1023 овоз муҳаббаташонро нисбати ин ҷавони сар то по ҳунар нишон доданд.
Саидҷон Идиев 881, Гулбаҳор Ғаффорова 775, Гулбибӣ Абдулхайрова 751, Сулаймон Саидғозиев 733, Илҳомҷон Шодиев 716, Фахриддини Арабшоҳ 433 ва Ҳасани Чила 333 овозӣ ба даст оварданд.
Мо ба тамоми иштирокдорони озмун изҳори сипос намуда мегӯем:
-Ҳар кадоми шумо беҳтарин ва арзандаи тамоми мукофотҳо ҳастед, чунки дар ин замонаи саршор аз мушкилот ва ғаму дард лаҳзае бошад ҳам, ба мардум шодию хурсандӣ бахшида, онҳоро механдонед. Ханда умри инсонро дароз мекунад мегӯянд, аз ҳамин хотир, мо ба шумо умри дарози пурбаракат орзу дорем, то ҳамеша зинда, ҷавон, серғайрат ва комёбу муваффақ бошеду умри миллати тоҷикро бо ҳазлу шӯхиҳои намакинатон дароз намоед!
Ғалаба ба ҳамаатон муборак бошад, ҳаҷвнигорони азиз!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ