Озода Эмомалӣ сафири созмони “Занони Сиёсатмадори Роҳбар”

Созмони байналмилалии “Занони Сиёсатмадори Роҳбар” бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Точикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро сафири ин созмон таъин кард.

Дар иттилои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон омадааст, “ин вазифа нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррасашон ба ҳайси аъзои парламент ва талошидоимиашон ҷиҳати ба даст овардани ҳадафу иҷрои босамари вазифаҳои он гузошта шудааст”.

Таҷрибаи ғании корӣ дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ  ва уҳдадориҳои Раҳмон Озода Эмомалӣ дар роҳи рушди ҳадафҳои Созмон арзишманд хоҳанд буд.

Мақари Созмони байналмилалии “Занони Сиёсатмадори Роҳбар” дар Исландия ва Белгия буда, ин ниҳод мустақил, байналмилалӣ ва ғайриҳизбӣ  ҳисоб меёбад.

Он ҳамчун шабакаи иртиботот ва форуми ҷаҳонии занони ҷодаи сиёсат, занони сиёсатмадори роҳбарро бо мақсади ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва беҳтар намудани манфиатҳои умум бо истифода аз нерӯи дастаҷамъӣ ва қобилияти онҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *